Фестивал ба иди гулҳо табдил ёфт

Фестивал ба иди гулҳо табдил ёфт

Чоштгоҳи рӯзи 7-уми октябр саҳни мактаби таълими умумии рақами 9-и шаҳри Самарқанд ба гулистон табдил ёфта буд. Гулдӯсту гулпарварони 79 мактаб ва маркази бачаҳои “Баркамол авлод”-и шаҳр бо гулҳои тубакӣ, гулдаста ва расми гулҳо дар фестивали гулҳо иштирок карданд. Он дар доираи аксияи “Самарқандро гулпӯш мекунем 1+10” шуда гузашт. Ба туфайли ин аксия ҳаракати гулдӯстони навраси “Ҳар як хонанда гули худро дошта бошад” торафт доман паҳн мекунад.
Иштирокчиёни тадбир аз рӯйи шартҳои гули нодир, композитсияи беҳтарин, шеър­хонӣ оиди гулҳо, расмкашӣ, рақсу бозӣ ҳунару маҳорати худро намоиш доданд. Дар рафти тадбир онҳо ба комёбиҳои якдигар шинос шуда, таҷриба иваз карданд ва барои корҳои ояндаи худ нақшаҳо кашиданд.

— Аз фестивали гулҳо, ки бо ташаббуси шӯъбаи таълими халқи шаҳр, Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонон, шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Хона-музейи Ориф Гулхании Самарқандӣ гузаронида шуд, ҳама таассуроти фаромӯшнашаванда гирифтанд, — гуфт услубшиноси шӯъбаи таълими халқи шаҳри Самарқанд Гулнора Қосимова. — Он ба иди бошукӯҳи гулҳо табдил ёфт. Дар аксия гулпарварони навраси мактабҳои таълими умумии рақамҳои 1, 5, 8, 9, 14, 21, 29, 35, 46, 59 фаъолона иштирок карданд. Ин гуна тадбирҳо аҳамияти калони тарбиявӣ дошта, минбаъд ба гулу гулзор гаштани мактабҳо ёрӣ мерасонанд.
Дар охири фестивал мудири Хона-музейи Ориф Гулхании Самарқандӣ Муқимҷон Орифӣ 20618 дона ниҳол ва гулҳои тубакӣ, инчунин қаламчаву тухми гулҳои нодире, ки дар боғи музей парвариш карда шудаанд, барои парвариш ва зиёдкунӣ ба мактабҳо бахшид.

Б.ҶУМЪАЕВ.