Аз таърихи ҳунармандӣ дар Самарқанд

Аз таърихи ҳунармандӣ дар Самарқанд

Аввали шаклгирии фанни назарияи иқтисодиёт дар асри XVI аз мактаби меркантелизми Европа оғоз ёфтааст.
Меркантелизм – аз калимаи «merkante»-и италиянӣ гирифта шуда, маънояш савдогар аст. Тарафдорони меркантелизм ақидае доштанд, ки мувофиқи он сарвати ҷамъият аз пул, тилло, нуқра иборат буда, он ба воситаи тиҷорат, (бештар тиҷорати беруна) зиёд мешавад. Яке аз намояндагони мактаби илмии мазкур иқтисодчии англис Томас Мен аст. Вай аввал савдогар буда, соҳиби сарвати бисёр шуд ва таҷрибаи худро дар асарҳои «Мулоҳизаҳо оиди савдои Англия бо Ост-­Индия» ва «Сарвати Англия аз савдои беруна ё ки баланси мо аз савдои беруна ба сифати асоси сарвати мо» ифода кардааст.
Дар ҳамон давр тиҷорат ва муомилаи пул чунон нақши бузург дошт, ки ибораҳои «тиҷорат» ва «иқтисодиёт»-ро мафҳумҳои монанд ҳисоб мекарданд. Т. Мен аз олимоне буд, ки манбаи сарват, савдогари бозор гӯён тарғибот мекарданд.
Беш аз дусад сол пеш аз шаклгирии ғояҳои меркантелизм дар Европа, ки асоси беҳдошти вазъи иқтисодии мамлакатро аз ривоҷдиҳии тиҷорат ва ҷамъоварии сарват медонист, Амир Темур дар асри XIV барои дар ҳаёт амалӣ кардани ин ғоя тадбирҳои заруриро гузаронда буд. Вай ба инкишофи бозори дохилӣ ва беруна аҳамияти калон дод. Дар шаҳру ноҳияҳо бозор, растаҳои савдо, устохонаҳои ҳунармандӣ барпо шуданд. Дар роҳҳои карвонгард работ, карвонсарой, сардоба ва дигар биноҳо сохтанд. Дар ду тарафи кӯчаҳои шаҳри Самарқанд растаҳо қад рост карданд. Маҳсулот аз рӯйи навъҳо дар растаҳои алоҳида фурӯхта мешуд ва ҷойи савдо номи ҳамон маҳсулотро мегирифт. Мисол, шарбатдор, заргарон ва ғайра. Тартиби мазкур баъди темуриён низ дар шаҳр мавҷуд буд.
Дар бозорҳои Самарқанд сарроф­ҳо, ки пул иваз мекарданд, фаъолият доштанд. Нарху навои бозорро ба таври қатъӣ назорат мекарданд. Ба тоҷироне, ки маҳсулотро бо нархи аз ҳад баланд мефурӯхтанд, ҷазо медоданд.
Роҳи карвоне, ки мамлакатҳои Шарқро бо Ғарб мепайваст, яъне Роҳи бузурги абрешим аз шаҳрҳои марказии давлати Темур мегузашт. Савдогарҳои Ҳиндустон, Хитой, мамлакатҳои Эрон, Туркия ва ғайра дар бозорҳои ин шаҳрҳо маҳсулоти овардаашонро фурӯхта, дар бозгашт молу ашёи истеҳсоли маҳаллиро мебурданд.
Сафири Испания дар Самарқанд Руи Гонсалес Клавихо дар ёддоштҳояш овардааст, ки дар бозорҳои Самарқанд савдогарҳоеро, ки ба забонҳои гуногун ҳарф мезаданд ва ба динҳои мухталиф эътиқод доштанд, вохӯрдааст. Чунки Амир Темур барои фаъолияти савдогарон, корвонҳо шарту шароити хуб ташкил кард, инчунин қувваи хариди аҳолии мамлакат баланд буд. Сифати баланди маҳсулоти инҷоӣ савдогарони хориҷиро ба Мовароуннаҳр чун оҳанрабо мекашид.
Бояд таъкид кард, ки дар даври салтанати Амир Темур дар шаҳри Самарқанд ҳунармандӣ хеле ривоҷ ёфт. Агар дар шаҳр маҳсулоти бофандагӣ, кулолӣ, оҳангарӣ, заргарӣ тайёр кунанд, сокинони чорвопарвари деҳот аз чарм ва пашм либосҳои гуногун, пойафзол, гилем, чодир ва ғайра тайёр мекарданд. Зарфҳо, яроқу аслиҳа, зару зевари аз тилло, нуқра, мис ва биринҷӣ сохтаи устоҳои мовароуннаҳрӣ ва хуросонӣ чун намунаи баланди санъати амалӣ арзёбӣ мешуданд.
Коғази Самарқанд бо нафисӣ ва сифати худ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо ва дар мамлакатҳои Шарқ инқилоби мадании ҳақиқӣ кард гӯем, муболиғае нахоҳад шуд. Аз манбаъҳои таърихӣ маълум мешавад, ки дар ҳамон давр оиди ба коғази Самарқанд рӯбардор кардани китобу маъхазҳое, ки дар китобхонаҳои дарбор ва шахсӣ маҳфуз буданд, фармон дода будаанд. Хулоса дар даври Темур ва темуриҳо ҳунармандӣ дар Самарқанд ба қуллаи баланди худ расида, ба тамаддуни ҷаҳонӣ ҳиссаи муносиб гузошт.
Мувофиқи маълумоти Архиви давлатии Самарқанд пеш аз истилои Россияи подшоҳӣ, яъне солҳои 1850 дар шаҳри Самарқанд 1262 тадбиркорони хонакор фаъолият пеш бурда, дар байни онҳо 681 бофанда, 200 зинсоз, 188 бӯрёбоф, 36 оҳангар, 34 зардӯз, 30 чармгар, 12 чӯянгудоз ва соҳибони дигар ҳунарҳо будаанд. Маҳсулоти онҳо на танҳо дар Самарқанд, балки дар хориҷа низ бозоргир буд.
Дар солҳои 30-юми асри гузашта, бо сиёсати шӯроҳо, ки ба бунёди корхонаҳои калон нигаронида шуд, ҳунармандӣ қариб ки аз байн рафт.
Баъди соҳибистиқлол шудани Ӯзбекистон ба ҳунармандӣ эътибори калон медиҳанд ва ҳунармандон мавқеи ҷаҳонии худро аз нав барқарор менамоянд.

Марат ҶАМОЛОВ,
дотсенти Донишкадаи тиббии Самарқанд
.