Марафони  экологӣ бошукӯҳ таҷлил гардид

Марафони экологӣ бошукӯҳ таҷлил гардид

Рӯзи 6-уми октябр дар шаҳри Самарқанд бо ташаббуси Садорати хонаву ҷой ва хизматрасонии коммуналии вилоят, Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» дар доираи аксияи «Ҳаётатро шукуфон кун!» марафони пиёдагардии экологӣ гузаронида шуд. Аксия бо мақсади дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо ба таври оммавӣ шинондани гулу ниҳолҳо, парвариши онҳо ва ташаккули маданияти экологӣ баргузор гардид.
Он рӯз аз пагоҳӣ дар назди майдони Кӯксарой ҳазорҳо нафар иштирокчиёни тадбир – собиқадорони меҳнат, ходимони ташкилотҳои давлатию ҷамоатӣ, ҷавонон ҷамъ омаданд. Дар саҳнаи орододашуда ташкилотчиён ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, сардори Садорати хонаву ҷой ва хизматрасонии коммуналии вилоят Рустамҷон Сатторов, сарвари Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Абдулло Аслонов, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ва дигарон ба ҳозирон оиди аҳамияти марафон дар тарбияи ҷавонон, баланд бардоштани маданияти экологии шаҳрвандон ва ғайра ҳарф заданд.
Соати 10:00 ба аксия «старт» дода шуд. Иштирокдорон – пиру ҷавон бо як овоз шиори тадбирро ба забон оварда, роҳгардиро оғоз намуданд.

— Ман аз вилояти Сирдарё ҳастам, — гуфт иштирокдори марафон Хусрав Умурзоқов. — Дар курси якуми факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд мехонам. Бори аввал дар чунин марафон иштирок мекунам. Пеш аз оғози марафон барномаи консертӣ пешкаш гардид, ки табъи ҳар як иштирокдор болида шуд. Инак ба роҳ баромадем ва раҳораҳ барои обод кардани кӯчаҳои шаҳрро саҳмгузорӣ мекунем. Табиат ҳамеша ба нигоҳубини инсонҳо ниёз дорад. Ҳифзи табиат вазифаи муқаддаси мост. Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар дили инсонҳо эҳсоси муҳаббат ба табиатро пурзӯр мекунад.
Онҳо аз Хиёбони донишгоҳ, кӯчаҳои ба номҳои Садриддин Айнӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ то мадрасаи Нодир Девонбегии ноҳияи Самарқанд ҳаракат карданд. Бисёриҳо дар даст парчами Ӯзбекистон, навиштаҷот, лозунгҳо оиди ҳифзи табиат доштанд. Дар рафти тадбир ба иштирокдорон ва дигарон зиёда аз 3000 маводи тарғиботии шинондани дарахту гулҳо тақсим карда шуд.
– Дар тадбири экологӣ ҷавонон фаъол иштирок намуданд. Бузургон гуфтаанд, ки дар пиронсолӣ ҳам ниҳол шинон, аз он набераҳоят баҳра мебаранд, – изҳори ақида намуд собиқадори меҳнат, иштирокдори марафон Р. Шарифов.