Шоҳмотбозони беҳтарин

Шоҳмотбозони беҳтарин

Дар шаҳраки Гулободи ноҳияи Самарқанд байни куҳансолон ва бачаҳо аз рӯйи намуди шоҳмоти варзиш мусобиқа шуда гузашт. Дар он аз 97 маҳаллаи ноҳия шоҳмотбозони моҳир қувваозмоӣ намуданд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа раиси шӯъбаи ноҳиявии Хазинаи ҷамоатии «Нуронӣ» Очил Алиев оиди ривоҷи варзиш дар мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Самарқанд, муваффақиятҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои Осиё ва ҷаҳонӣ ва ғайра ҳарф зад.
Мусобиқаи шоҳмотбозон пуршавқ гузашт. Онҳо маҳорати донаронии худро баръало нишон доданд. Аҷибаш ин шуд, ки дар баҳсҳои калонсолон ва бачаҳо бобо ва набера – Зоҳир ва Комрон Ҳасанзодаҳо ғолибиро ба даст оварданд. Бобо аз 7 имконият 6 холро ба даст оварда бошад, набера ҳам рақибонашро пасу пеш мағлуб сохта, бо натиҷаи хуб ғолиби мутлақ гардид. Вай асрори шоҳмотбозиро аз бобояш ва мураббии пуртаҷрибааш – Одил Собиров меомӯзад.
Ғолибон бо тӯҳфаҳои ташкилотчиёни мусобиқа тақдиронида шуданд.

Ҷ.ОБИДОВ.