Сессияи  Шӯрои вилоят

Сессияи Шӯрои вилоят

Дирӯз дар ҳокимияти вилоят сессияи навбатии шастушашуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро, ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов сарварӣ кард.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи сессия – «Дар бораи иҷрои буҷети маҳаллии вилоят дар 9 моҳи соли 2019 ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷ. Ӯроқов баромад кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки нақшаи пешбинишудаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ба 114 фоиз иҷро гардид ё ки ба ҷойи 1 трлн. 627,9 млрд. сӯм дар амал 1 трлн. 856,2 млрд сӯм дохил шуд. Ин нисбати нақшаи пешбинигардида 228,3 млрд. сӯм зиёд аст.
Дар ин давр қисми хароҷоти буҷети маҳалии вилоят ба 102,6 фоиз иҷро гардида, 3 трлн. 677,9 млрд. сӯмина хароҷот амалӣ гардид.
Дар 9 моҳи соли 2019 барои тадбирҳои иҷтимоӣ – маданӣ 2890,3 млрд. сӯмина маблағ молиягузорӣ гардида, ин 78,6 фоизи хароҷоти буҷети маҳаллиро ташкил кард.
Оиди иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 21-уми июни соли 2017 «Дар бораи чораҳои дастгирии минбаъдаи ташкилотҳои маҳаллие, ки маҳсулот экспорт мекунад ва таҳлили фаъолияти иқтисодии беруна» таҳти рақами ҚП – 3077 ҷонишини ҳокими вилоят, сардори садорати инвеститсияҳо ва савдои беруна О. Хоҷаев ахбор дод.
Сардори Садорати корҳои дохилии вилоят Ш. Раҳмонов аз рӯйи масъалаи саввӯми рӯзномаи сессия – дар бораи фаъолияти идораҳои корҳои дохилии вилоят дар 9 моҳи соли 2019 оиди пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини профилактикаи хуқуқвайронкунӣ маълумот пеш овард. Вай гуфт, ки дар даври гузаштаи ҳисоботӣ аз 1095 маҳаллаи вилоят дар 523-тояш, ё ки дар 47,8 фоизаш ба содир кардани ҷиноят роҳ надодаанд.
Инчунин, дар 239 маҳалла ҷиноятҳо нисбати ҳамин даври соли гузашта кам шудаанд.
Баъди муҳокимаи ин масъалаҳо қарорҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 2-юми октябри соли 2019 «Дар бораи тасдиқ кардани ҳайати нави комиссияи вилоятии интихобот, ки ба Шӯрои намояндагони халқи вилоят интихоб мегузаронад», оиди тавсия кардани номзадҳо ба узвияти комиссияхои учаскаҳои интихоботӣ доир ба гузаронидани интихоботи депутатҳои Палатаи қонунофарии Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, дар бораи фаъолияти секторҳо ва кайфияти сокинони ҳудудҳое, ки хона ба хона гашта муаммоҳоро муайян ва ҳал мекунанд, оиди омӯзиши натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои таълими томактабӣ дар шаҳрхои Самарқанд ва Каттақӯрғон, оиди тасдиқ кардани қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 27-уми сентабри соли 2019 «Дар бораи тасдиқ кардани манбаъ ва муддати пӯшидани кредете, ки хазинаи барқарорӣ ва тараққиёти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба хазинаи Ободонӣ ва фаровонии вилояти Самарқанд додааст» таҳти рақами 400/66, оиди қарори ҳокими вилоят аз 16-уми августи соли 2019 «Дар бораи дохил кардани тағирот ба сохтори аппарати идораи ҳокимияти вилоят» тахти рақами 215-Қ муҳокима ва қабул карда шуданд.
Сессияи бо ҳамин кори худро ба охир расонд.