Маъракаи муҳими сиёсиро экспертҳои байналхалқӣ назорат мекунанд

Маъракаи муҳими сиёсиро экспертҳои байналхалқӣ назорат мекунанд

Дар Маркази ҷавонони вилоят барои мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва аъзоёни гурӯҳи корӣ оид ба ҳамоҳангсозии кор бо назорратчиёни байналхалқӣ ва васоити ахбори хориҷӣ дар интихобот семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Семинар дар доираи фаъолияти лоиҳавии Комиссияи марказии интихобот дар ҳамкорӣ бо идораи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Ӯзбекистон бо иштироки экспертҳои соҳаи интихобот ташкил гардид.
Дар оғози чорабинӣ намояндаи Комиссияи марказии интихобот Фарҳод Насриддинов дар бораи мафҳумҳои асосии Кодекси интихоботи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, тартиби бақайдгирии нозирон, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо, инчунин, нақши мақомоти ҳудудӣ дар ташкил ва гузаронидани интихобот муфассал маълумот дод.
– Рафти корҳои омодагӣ ва баргузории интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ, инчунин, ҷараёни овоздиҳиро намояндагони ҳизбҳои сиёсии мамлакат, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, вакилони бисёр созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ, рӯзноманигорон бевосита назорат мекунанд, – гуфт Ф. Насриддинов. – Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштироки тақрибан 300 намояндаи институтҳои демократӣ ва бюро доир ба ҳуқуқҳои инсони назди САҲА дар назар аст. Тибқи маълумоти нахустин, ҳайъат аз гурӯҳи асосӣ, инчунин, 30 нафар нозири дарозмуддат ва 250 нафар нозири кӯтоҳмуддат таркиб ёфтааст. Ба нозирони дарозмуддат супориш дода мешавад, ки марҳилаҳои гуногуни ҷараёни интихоботро дар минтақаҳо назорат кунанд. Нозирони кӯтоҳмуддат бошанд, овоздиҳиро дар ноҳияҳое, ки вобаста карда шудаанд, назорат мекунанд.
Дар давоми семинар, экспертҳои САҲА оиди стандартҳои байналхалқии ташкил ва гузаронидани интихобот, инчунин, асосҳои ҳуқуқиву нормативии он маълумот доданд.
Дар нимаи дуюми рӯз маърӯзаҳо дар бораи он, ки чаро ҷараёни интихобот назорат карда мешавад, нақши нозирони байналхалқӣ дар одилона ва шаффоф гузаронидани интихобот ва меъёрҳои арзёбии интихобот шунида шуд.
Ба саволҳои иштирокдорон намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва экспертҳои САҲА ҷавобҳои муфассал доданд.