Забон – ифтихори миллат

Забон – ифтихори миллат

Забон сарвати маънавии миллат аст. Забон на танҳо воситаи муомила, балки ифодагари маданият, урфу одат, таърихи ҳар як халқ мебошад. Маҳз бо забони модарӣ ҳар як инсон ифтихор мекунад. Аз ин рӯ, ҳар як халқ барои пойдории забони хеш ҳаракат мекунад.
Иштирокдорони тадбири фарҳангие, ки дар мактаби ихтисосонидашудаи таълими умумии рақами 17-и шаҳри Каттақӯрғон ба муносибати рӯзи қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» бо ташаббуси Шӯрои вилоятии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон гузаронида шуд, чунин фикрҳоро такрор ба такрор ба забон оварданд.
Таъкид гардид, ки бо назардош­ти моҳияти рӯзафзуни забони ӯзбекӣ дар таҳкими асосҳои маънавии истиқлолияти Ватани мо, тарбияи халқ, пеш аз ҳама насли ҷавон дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба суннатҳои миллӣ, ҳамчунин бо мақсади истиқболи сазовори сисолагии қабули Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» қарори сарвари давлат «Доир ба васеъ таҷлил кардани 30-солагии қабул шудани қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ»» ва бо мақсади таъмини иҷрои ин қарор дар гӯшаву канори мамлакат тадбирҳои фарҳангӣ, вохӯрӣ ва ҷамъомадҳо, маҳфилҳои адабӣ барпо мегарданд.
Дар доираи тадбир хонандагони синфҳои болоии мактаб барномаи адабии худро зери шиори «Забон – ифтихори миллат» пешкаши ҳозирон намуданд. Дар васфи забон ва гиромидошти он шеърҳо қироат карда, сурудҳо хонданд.
Дар поёни тадбир ба як гурӯҳ омӯзгорони мактаб, ки аъзои Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ» гардиданд, гувоҳномаи узвият ва тӯҳфаҳо супорида шуд. Хонандагоне, ки дар ташкили ин чорабинӣ фаъол буданд, бо тӯҳфаҳои ҳизб сарфароз гардонида шуданд.

Ёлқин ОҚБӮТАЕВ,
котиби матбуоти Шӯрои вилоятии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон
.