Киҳо дар пардохти андози молу мулк ва замин имтиёз доранд?

Киҳо дар пардохти андози молу мулк ва замин имтиёз доранд?

Бар асоси моддаҳои 272 ва 287-уми Кодекси андози Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, он шахсони ҷисмонӣ, ки дорои молу мулк ва замин ҳастанд ва барои онҳо андоз месупоранд, ҳамчунин, хоҷагиҳои деҳқонӣ андозсупорандагони молу мулк ва замин мебошанд.

Муддати андозсупорӣ

Шахсҳои ҷисмонӣ андози молу мулк ва заминро то 15-уми октябр бояд супоранд.
Барои ҳар як рӯзи андози таъхирёфта, пения ҳисоб карда мешавад ва ин қарздорӣ тавассути суд рӯёнида мешавад.

Андозҳо дар куҷо истифода мегарданд?

Андозҳое, ки шахсони ҷисмонӣ пардохт мекунанд, буҷаи давлатиро пур мекунад ва он барои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, таъмири биноҳои хоҷагӣ ва таъмини ниёзҳои иҷтимоии аҳолӣ истифода мешавад.

Чӣ қадар бояд андоз супурд?

Шумо бояд бо ёрии коршиносони идораҳои андоз миқдори андози худ­ро муайян кунед. Ҳамчунин, дар ин бора аз сафҳаи портали электрони кумитаи андоз метавонед, ба таври мустақил миқдори андози худро биёбед:
https://my.soliq.uz/calc/property/data?lang=uz

Пардохти онлайн мумкин аст?

Андози ҳисобшударо дар шӯъбаҳои бонки дилхоҳ, ё тавассути нарм­афзорҳои (мобильное приложение) CLICK, U-PAY, MBANK ва PayMe метавонед онлайн пардохт кунед.

Киҳо андоз намесупоранд?

Бар асоси моддаи 275-уми кодекси андоз, шахсони ҷисмонии мазкур аз андози молу ­мулк озод мебошанд:
1) Шаҳрвандоне, ки бо унвонҳои «Ўзбекистон Қаҳрамони» («Қаҳрамони Ӯзбекистон»), Қаҳрамони Иттиҳоди шӯравӣ, Қаҳрамони меҳнат ва нишонаи ҳар се дараҷаи «Шӯҳрат» (на медали «Шӯҳрат») сарафроз шудаанд;
2) ногиро ва иштирокдорони ҷанг ва нафароне, ки мақомашон бо онҳо баробар аст;
3) Модароне, ки даҳ ва беш аз он фарзанд доранд;
4) Ногироёни гурӯҳҳои I ва II;
5) Шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, сохтори конститутсиявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сарбозону кормандони ниҳодҳои корҳои дохилӣ, ки ҳангоми иҷрои хидмати сарбозӣ ё корҳои дохилӣ захмӣ шудаанд, аз беморие, ки ҳангоми дар фронт будан ҷон додаанд, безани ҳамчунин (падару модар, бевазан ё марди безани онҳо);
7) Шахсоне, ки дар манзили истиқоматиашон шабакаҳои барқрасонӣ ва газрасонӣ набуда, аз манбаъҳои энергияи муқобил истифода мекунанд, ба муддати се сол аз оғози истифодаи манбаъҳои энергияи муқобил.

Таҳияи
Умед ФАРҲОДЗОДА.