Барои таъмири Хона-­музейи Айнӣ қариб як миллиард сӯм сарф шуд

Барои таъмири Хона-­музейи Айнӣ қариб як миллиард сӯм сарф шуд

Хона-­музейи Садриддин Айнӣ. Даргоҳи мубораку муқаддас аст. Кошонаест, ки замоне ҳар гӯшаи он аз сӯҳбату маҳфилҳои адабии шоиру нависандагон, маърифатпарвар ва соҳибназарон мунаввар гардидааст. Ҳавлиест, ки сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аъзои фахрии Академияи фанҳои Ӯзбекистон, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби ҷамоатӣ, нависанда, шоир ва олими барҷаста, муаллифи якчанд асар доир ба таърих ва адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ Садриддин Айнӣ беш аз 30 соли умри худро дар ин ҷо гузарондааст. Осорхонаест, ки ҳар гӯшаи он аз гузашти солҳо, воқеаҳо ва пасту баланди рӯзгори як адиби ҷаҳонӣ ҳикоя мекунад. Маскани муборакест, ки асарҳои нодир навишта шудаанд ва имрӯз аз дурдонаҳои адабиёти тоҷику ҷаҳон ба шумор мераванд. Манзилест, аҳли фарҳанги ҷаҳонро чун оҳанрабо ба сӯйи худ мекашад.
Тӯли ду соли охир аз тарафи ҳукумат дар ин хона-­музей корҳои таъмириву барқарорсозӣ амалӣ гардида, чанде пеш осорхона ба истифода супурда шуд. Мо оиди корҳои таъмиру навсозие, ки дар хона-­музей иҷро шуданд, шароитҳое, ки барои сайёҳони хориҷӣ ва меҳмонони маҳаллӣ муҳайё карда шудааст, бо мудири хона-­музей Амриддин Пӯлодов сӯҳбат оростем.
– Беш аз соле мешавад, ки дар расонаҳои ахбори умуми ҷумҳурӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ оиди таъмир намудани хона-­музейи Садриддин Айнӣ мақолаҳо чоп шуданд. То ҳол дар Хона-­музей чӣ гуна корҳои таъмирӣ иҷро гардиданд?
– Мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 11-уми декабри соли 2017 «Дар бораи Барномаи чораҳои такмил додани фаъолият ва мустаҳкамнамоии комплексии базаи моддиву техникии музейҳои давлатӣ дар солҳои 2017-2027» ва Барномаи манзилноки бунёди биноҳо, реконструксия, таъмир ва таҷҳизонидани музейҳои давлатӣ дар солҳои 2018-2027, соли ҷорӣ барои реконструксия ва реэкспозитсияи хона-­музейи Садриддин Айнӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ 300 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Ғайр аз ин, аз тарафи ҳокимияти вилоят ва маъмурияти Музей-­мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд ба таври илова боз маводи махсус ҷудо гардид. То ҳол барои таъмир ва навсозии музей қариб 1 миллиард сӯм маблағ сарф шуд. Рафти корҳои бозсозӣ зери назорати гурӯҳи махсуси корӣ амалӣ шуданд. Ҳангоми таъмир ҳавлии берунаро васеъ карданд. Бояд гуфт, ки дар рафти бозсозӣ композитсия дар ҳолати асл нигоҳ дошта шуд ва намуди зоҳирии он осебе надид.
– Гузашти вақт ба ҳама чиз таъсири худро мерасондааст. Инак, ба бунёди ин ҳавлӣ низ аз як аср зиёд шудааст. Тӯли ин солҳо ба бино ягон зиёни ҷиддӣ нарасидааст?
– Таҳкурсии ин хона 150 сол муқаддам гузошта шуда, хонаҳо бо усули чӯбкорӣ, ба таври дусинҷа бунёд гардидаанд. Ғайр аз ин, баъди ба шаҳри Душанбе рафтани устод Садриддин Айнӣ (охирҳои соли 1953) ин ҳавлӣ беш аз 10 сол бесоҳиб мемонад. Дар натиҷа он зарофати зиёд мебинад. Бояд гуфт, ки Хона-­музейи Айнӣ осорхонаи оддӣ набуда, дорои аҳамияти таърихист ва дар ҳолати худ нигоҳ доштани он вазифаи муҳим мебошад. Ҳамин ҷиҳатро ба инобат гирифта, аз тарафи аъзои гурӯҳи корӣ консепсияи реконструксияи хона-­музей таҳия гардид. Онро ба олимони шӯъбаи муттасадии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурияти Ӯзбекистон пешкаш карданд. Баъди тасдиқи консепсия дар асоси он корҳои таъмиркунӣ оғоз гардид.

Мувофиқи консепсия қисми шифти хонаҳо пурра аз нав бо тунука пӯшонида шуданд. Дар натиҷаи боришот ва ҳодисаҳои табиӣ, сатҳи мадании замин қариб ба як метр боло рафта, синҷи хона зери хок монда буд. Дар натиҷа гардиши ҳаво дар таҳхона вайрон гардида, ин ба хонаҳои корӣ, меҳмонхона ва хонаи нишаст таъсири худро расонд. Дар рафти таъмир қариб як метр хоки зиёдатӣ гирифта шуд. Таҳхонаро тоза карда, барои «нафас» гирифтани хонаҳо чорабиниҳои зарурӣ амалӣ гардиданд. Аз тарафи устоён ҳар як қалама моҳирона бо наваш иваз карда шуд. Биноҳое, ки дар атрофи хона-­музей ғайриқонунӣ қад рост карда буданд, пурра вайрон карда шуданд. Хонаи калон ба таври замонавӣ таъмир гардида, дар он аз тарафи музейшиноси шинохта Шомурод Рӯзимуродов намоишгоҳи асарҳо ва тасвирҳо аз ҳаёту фаъолияти адиб ташкил карда шуд. Инчунин, дар пешгаҳи қисми дарунии ҳавлӣ суратҳоро аз бойгонии хона-­музей овехтем. Ҳар шахсе, ки онҳоро тамошо мекунад, бевосита дар бораи нависандаи барҷаста, хона-­музей тасаввури амиқе мегардад.
– Ҳоло дар тамоми соҳаҳо аз технологияҳои ахбори замонавӣ пурсамар истифода мебаранд. Дар чунин асри рушди технологияҳои иттилоотӣ мавҷуд набудани веб-­сайти махсуси хона-­музейро чӣ тавр эзоҳ додан мумкин аст?
– Масъалаи боз намудани саҳифаи интернетии хона-­музей ба нақша гирифта шудааст. Мо бо ташкилоти мутасаддӣ оиди барқарор намудани Wi-­Fi шартнома имзо кардем. Кормандони масъул омада, тарҳи биноро омӯхтанд. Рӯзҳои наздик ин кор низ ҳалли худро меёбад. Пас аз барқарорсозии Wi-­Fi фаъолияти веб-­сайти хона-­музейро низ ба роҳ мемонем.
– Дар хона-­музей иҷрои боз чӣ гуна чорабиниҳо дар назар аст?
– Силсилаи корҳои таъмирӣ дар хона-­музей ҳоло давом доранд. Танҳо корҳои боз­созии асосӣ ба поён расиданд. Мувофиқи маълумоти манбаъҳо дар қисми дарунии ҳавлӣ, дар рӯ ба рӯйи меҳмонхона, солҳои пеш айвон будааст. Дар ҷойи худ аз нав сохтани он ба нақша гирифта шуд. Ғайр аз ин, дар ояндаи наздик пайкараи устод ба таври замонавӣ таъмир карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар Хона-­музейи Садриддин Айнӣ чӣ гуна кори таъмирие амалӣ нагардад, масъалаи бо намуди пешина нигоҳ доштани композитсияи ҳавлӣ дар ҷойи аввал меистад. Мақсад аз ин, дар дили ҳар як ташрифоваранда пайдо намудани рӯҳи ҳамон замон мебошад. Меҳмоне, ки ба ин даргоҳи муқаддас меояд, бояд дар ин манзил нафаси давраи рӯзгори абармард Садриддин Айниро эҳсос кунад. Ба назараш чунин расад, ки гӯё устод бо зарурате ба кӯча рафтаанд ва ҳоли ҳозир бармегарданд. Нигоҳ доштани чунин фазои таърихӣ дар муҳит албатта барои афзудани теъдоди меҳмонон хизмат мекунад ва мақсади мо низ маҳз ҳамин аст.

Дар доираи мавзӯъ:

1. Садриддин Айнӣ дар вилояти Бухоро ба дунё омада, қисми асосии фаъолияти эҷодии адиб дар Самарқанд гузаштааст ва асарҳои гаронарзиши худро низ дар ин шаҳри куҳан офаридааст.

2. Хона-­музейи Садриддин Айнӣ бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон аз 16-уми июни соли 1964 рӯзи 19-уми майи соли 1967 ташкил гардидааст.

3. Устод Айнӣ дар ин хона тӯли солҳои 1923-1954 умр ба сар бурдааст ва давраи калони ҳаёти пурҷӯшу хурӯши эҷодӣ, фаъолияти пурсамари илмиву педагогӣ ва ҷамъиятии худро гузарондааст.

4. Дар арафаи 10-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон С. Айнӣ бо ордени «Буюк хизматлари учун» («Барои хизматҳои бузург») мукофотонида шудааст.

5. 9-уми сентябри соли 1977 бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон дар назди хона-­музейи устод Садриддин Айнӣ пайкараи нависанда гузошта шуд.

6. Ҳавлӣ аз ду қисм иборат аст, ки қисми аввал дар охирҳои асри XVIII ва қисми дуввуми он дар солҳои 1930 сохта шудааст.