АНДЕША ВА РОЗҲО

АНДЕША ВА РОЗҲО

Дар пазмонии нони ҳалол

Бо ҳама ришватхӯрӣ, фиребу тақал боз одам пазмони нони ҳалол мешудааст. Аз ҳақиқат бигрехта, бӯҳтонбофӣ карда, боз одам пазмон ба нони ҳақиқат мешудааст. Дошта бӯстонсароҳо, мошинҳои рангоранг, сарватмандӣ, боз одам мехостааст ба зиндагии оддии одамворона баргардад.
Фаромӯш карда, забони нобу шево боз пазмони наво, оҳанги зебои забони модарӣ мегардидааст…

Эътиқод ба одамизод

Бишнида ҳарфҳои дурӯғин, фиреб хӯрда аз одамон, дар сари роҳам чоҳ кандани онҳоро дида, бидида ҷабру ҷафо аз дигарон боз накардам гум эътиқод ба одамизод. Боз ба сӯйи одамон қадам задам, зеро покӣ, некӯкорӣ дар айёми тифлӣ бинҳода шавад дар ниҳоди одамизод. Одамизод бо дили соф ояд ба дунё. Бадниҳод шудани вай масъалаи сангини дигарест…

Роҳҳои аҳли ҷаҳон

Бани башар бо ҳазорҳо роҳҳо равон аст, то ҳол ваҳдат, роҳи ягона нест вайро. Роҳнамоҳо бубаранд аҳли ҷаҳонро бо ҳазор роҳҳо, аммо роҳи хушбахтиро аксарият нашиносанд. Худовандо, роҳнамоҳо худбинанд, кай бихӯранд онҳо ғами онҳоеро,ки аз пайи онҳо равонанд…

Бо меҳр табобат кунед

Дили шикастаи ятимро бо меҳр табобат кунед. Кинаро аз дил бизудоеду ба одамон меҳрубон шавед, зеро ҳамаи мо ғанимат ҳастем барои якдигар. Маҳзун, бахтбаргаштаро, ки дар чорроҳаи зиндагӣ парешонҳол аст, роҳнамоӣ кунед.