Муаммои асосии маҳалла – мумфарши роҳҳо

Муаммои асосии маҳалла – мумфарши роҳҳо

Дар ҳамкории Шӯрои вилоятии мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидоранамоии шаҳрвандон ва таҳририяти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» дар моҳҳои октябр – декабри соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Самарқанд (асосан), Тайлоқ ва Ургут тадбирҳои маънавию маърифатӣ аз рӯйи иҷрои фармону қарорҳои ҳукумат ташкил карда мешавад. Дар тадбирҳо сӯҳбатҳо аз рӯйи таърихи маҳалла, роҳи ҳаёти инсонҳои бузургу фидоии дар ин ҳудудҳо умр ба сар меборанд, вазифаҳои аъзоёни шӯрои ҷамоатии ҷамъомадҳои шаҳрвандони маҳалла, роҳҳои барқарорнамоии муҳити иҷтимоию маънавӣ дар ҳудуд, содданамоии гузаронидани тӯю тантанаҳои оилавӣ ва маъракаҳои бо дафн вобаста ва масъалаҳои дигари пурдолузарб ташкил карда мешавад.
Рӯзи чоршанбе тадбири аввалин бо иштироки ходимони таҳририяти «Овози Самарқанд» ва беш аз 50 нафар фаъолони маҳаллаҳои Оҳалик ва Оҳалики болои ноҳияи Самарқанд баргузор гардид.
Тадбирро раиси маҳаллаи Оҳалик Ин­ъомҷон Сиддиқов кушода, оиди мақсади гузаронидани тадбир ҳарф зад.
Баъди ҳамин, нависанда Зоҳир Ҳасанзода, кормандони рӯзномаи «Овози Самарқанд» Дамир Нуров ва Ҷамшеди Асрор, инчунин, мухбири ҷамоатии рӯзнома Толиб Юнусзода аз рӯйи масъалаҳои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷамъият, Қарори муштараки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар бораи тӯйгузаронию тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо, дар ҳал намудани муаммоҳои деҳа лозим будани фаъолии аъзоёни шӯрои ҷамоатии маҳалла, фаъолият, муваффақият ва камбудиҳои рӯзномаҳои тоҷикӣ, дар ташкили обуна фаъол будани аҳолӣ ва ғайра ҳарф заданд.
Фаъолони маҳалла – Сайрам Аҳтамова, Азиз Ҳалимов, Мавҷуда Хоҷамуҳаммадова, Холбӣ Баҳодурова ва дигарон риштаи суханро гирифта, дар бораи муаммову таклифҳои мардуми Оҳалик, рӯзгори оҳаликиён, аз ҷумла, нобобии роҳи марказиву дохилӣ, таъмирталаб будани мактаби таълими умумии рақами 18-и маҳалла, саривақт нарасидани нашрияҳои даврӣ, гап заданд.
Шаҳрвандони маҳалла таъкид карданд, ки роҳбарони дахлдори роҳсозӣ чанде пеш мумфарш кардани роҳи марказиро ваъда доданду то ҳол ин кор тӯл мекашад. Мактаби деҳа таъмирталаб аст. Ин деҳа ҳам ободиро мехоҳад. Вақти он расидааст, ки фаъолони маҳалла ба пурдабдаба гузаштани тӯю маъракаҳо роҳ надиҳанд. Барои китоб, рӯзнома ва маҷаллахон кардани аҳолӣ, пеш аз ҳама ҷавонон, эътибори ҷудогона бояд дода шавад.

Ҷамшед ОБИДОВ.