Оши сол дар ресторан

Оши сол дар ресторан

Уф-­ф, мурдам-­э! Ин чӣ хел рӯзи фалокат будас, ки ба сарам омад. Шӯраки ман да гӯр-­дия. Дина бегоҳ тилфон кати гуфтан, ки пагоҳ оши соли амакбачем. Хешу таборӣ, наравам намешавад. Тосама бардошта омада, а самбӯсахона чилта самбӯса гифтам чорҳазорӣ. Дар ин хел маъракаҳо хушку холӣ рафтан шармандагӣ. Ду даст да бинӣ равед, ҳама айб мекунан. Нағора мезанан, ки ҳоҷиона сахтак, аз санги чақири Оҳалик ҳам бадтар. Чува мана ҳама ҳоҷиона мегӯян, худам ҳайрон. Ба Маккаву Мадина нарафта бошам, ки аз афт, худам ҳоҷионасуроб. Ба амонати ягон кас хиёнат накадему ҳамеша ҳалолу пок мегардам. Лекин аслан номам Ибодат. Падари раҳматем ҳамин хел як номи қиёмат мондагӣ… Эҳ, ҳушакам да гӯр, гапам ба дигар ҷо гурехт-­ку.
Ҳа, самбӯсаҳоя гифта, афтону хезон ба хонаи амакбачем равам, дарашонба як қулфи якманӣ овезон. Дари ҳамсоеша тақ-­тақ кадам. Гуфтан, ки оши сол да ресторани «Боғбон». Таксӣ доштам. Падарқусур, як пули калона гуфт, ки ҳуш а сарам парид. Дигараша дошта, ба рестаран омадам. Омадаму ҳазор пушаймон шудам. Рӯйи усталои ним зиёди ресторан бо нозу неъматои нестдарҷаҳон пуру пеймон. Да се-­чор устал мардҳо шиштагӣ. Ба дигарош занҳо. А барои Худо, ки ин ҷо мурдахона, оши сол не, балки тӯйхона мегӯед. Фақат да рӯйи устоло арақу вино намерасаду дар пешгоҳи рестаран – се-­чор артисти гӯшкаркунак. Гиребнома дошта, диламба астафиулло гуфтам. Қадри мурда ҳам ҳамин қадар хору зор, ки оши солаша да рестаран гузаронан. Рӯҳу арвоҳи мурда чириққос намезанад?
Худам занак бошам, ки а зан буданам ҳазор пушаймон шудам. Занакои бефаросати мо бо кутаву поҷомаои қиматбаҳо катӣ, да гӯшу дасту гардан ҳалқаву узуку мӯҳраҳо, каттаги кадаву шарм надошта, хӯрда шиштен. О ин хел хӯрдано заҳру марги баданакашон намешавад? Инҷо тӯйхона не, оши соли мурда бошад… Фиғонам даруноки фалакба печид. Чӣ ҳам мегӯед ба занону духтарони инзамона. Да тани хешу тавори мурда ҳам, либоси азадорӣ не. Ақаллан одмиёна пӯшан намемурдан.
Бихалфаи қошсиёҳ ҳам буд. Лекин бенастроенӣ, чува ин хел гуфта, а худам пурсидам. Баъд худама саволамба худам ҷавобаша ёфтам. Да ин ҷо китоб хонда, пул кор када наметонад. Ҳа чашми заноя бо пулу латта-­путта сер када намешавад. Муран ки чизу чора мегӯян ин занакҳои чашмгушна.
Ба қатори кӯп як шишта, омин кадаму бо баҳонаи званоки тилфон зуд хестам. Пеши соҳибои маърака келинама а гӯр гифта, ба гӯр задам. Худо мана бахшад. Ба онҳо дурӯқона гуфтам, ки наберачем пато-­пато када истодаасту а хона тилфон кадан. Маъракаба истода наметонам. Мана бахшанд. Узр мепурсам. Худо хоҳад, бо да рӯзҳои хурсандӣ якдигара мебинему қусураша мебарорем. Баъд ба даҳонашон нигоҳ када нишишта, ба қафом ниго накада гурехтам. Ба тосу дастархонам дилам аччӣ кунад, ки гӯрба. Ақлашон бошад, оварда метиян, набошад, садақаи сарамба.
Хонаба омада, фарзандомба васият кадам, ки агар ман мурам, маъракаҳои мана да хона гузаронан. Агар да рестаран гузаронан а гӯрам рост хеста, ба шири додагем розӣ не. Уф-­ф, акнун боз инсафа ба худашон диҳад-­дия…


М.ҶУМЪАЗОДА,
ҳасрати Ибодатхоларо навишт.