«Таърихам, тақдирам, ояндаам – забони модарӣ!»

«Таърихам, тақдирам, ояндаам – забони модарӣ!»

Чунин ном дошт тадбири фарҳангие, ки дар мактаби таълими умумии рақами 15-и ноҳияи Тайлоқ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади таъмини иҷрои панҷ ташаббуси муҳими аз тарафи сарвари давлат пешниҳодгардида ва ба муносибати 30-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» барпо гардида, дар он хонандагони мактабҳои ҳамагонии ноҳия, омӯзгорон, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ иштирок карданд.
Ба сухан баромадагон дар хусуси эътибор ва ғамхориҳое, ки ба соҳаи таълим нигаронида шудаанд, сухан карданд.
Дар рафти тадбир профессор-­устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд дарсҳои маҳорат гузаронданд. Инчунин, аз тарафи муаллимони боиқтидори фанни забон ва адабиёти ноҳия дарсҳои кушоди намунавӣ ташкил гардид.
Хонандагони мактаби таълими умумии рақами 21-и ноҳия аз рӯзгори даври бачагии асосгузори адабиёти мумтози ӯзбек А. Навоӣ намоиши саҳнавӣ гузоштанд. Таҳсилгирандагони боиқтидори мактабҳои таълими умумии 3, 4, 14, 15, 16, 22, 30, 33 ва 45-и ноҳия дар «Лаҳзаҳои шеърӣ» намунаҳо аз ашъори шоирони мумтоз ва муосир қироат карданд. Ғайр аз ин, байни хонандагон дар мавзӯи «Шаҳри ман, Самарқанд» озмуни расмкашӣ гузаронида шуд.
Аз тарафи шогирдони мактаби ҳамагонии рақами 15-и дар компютер барномаи гузаронидани машғулоти маҳфилҳо таҳия гардида, ба иштирокдорон пешкаш карда шуд.
Инчунин, байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳо озмуни иншонависии « Таърихам, тақдирам, ояндаам – забони модарӣ» гузаронида шуд.
Дар анҷом аз тарафи ҳокими ноҳия Б. Бобоназаров ғолибони озмунҳо ва иштирокдорони фаъол бо китобҳои бадеӣ сарфароз гардонида шуданд. Суруд ва навоҳое, ки аз тарафи хонандагони боиқтидори мактабҳои таълими умумии рақами 4, 14, 15, 21, ва 22-и ноҳия иҷро карда шуд, ба қалби шунавандагон шукӯҳи беназир ҳадя намуд.

Шоҳрух ОРТИҚОВ.