Фаъолияти синфҳои тоҷикӣ дар мактаб

Фаъолияти синфҳои тоҷикӣ дар мактаб

Мактаби таълими умумии рақами 22 – и шаҳри Самарқанд аз мактабҳои куҳантарин ба ҳисоб рафта, дар он аз соли 1936 бо се забон ба хонандагон таълиму тарбия дода мешавад.
Аз байни хатмкардагони мактаб академикҳо, профессорон ва адибони номӣ ба камол расидаанд.
Солҳо дар мактаб синф­ҳои тоҷикӣ мавҷуд набуданд. Тобистони соли 2018 дар мактаб бо саъю кӯшиши Шӯрои назоратии мактаб ва як гурӯҳ фаъолони мактабу маҳаллаҳо аз нав синфи тоҷикӣ кушода шуд.
Имрӯзҳо дар ин мактаб қариб 50 нафар педагог ба зиёда аз 720 нафар хонанда (23 синф)таълиму тарбия медиҳанд. Директори мактаб Нодира Ҳайдарова ба корҳои тарбиявиву таълимӣ эътибори ҷудогона медиҳад. Дар мактаб 2 синфи тоҷикӣ фаъолият дорад. Дар синфи 2 -юми «А» 19 нафар ва дар синфи 1-ми «А» 12 нафар таҳсил доранд. Ба синфи 2-юми «А» муаллима Дилором Усмонова ва ба синфи 1-уми «А» муаллима Дилшода Узоқова таълиму тарбия медиҳанд.
– Ман охирҳои солҳои 70 -уми асри гузашта факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, 8 сол дар садорати статистика кор карда будам. Солҳои 80-ум аз курси бозомӯзӣ гузашта, ҳамчун омӯзгори муаллими синф­ҳои ибтидоӣ фаъолият оғоз намудам. Дар мактаби мазкур 32 сол ин ҷониб ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият нишон дода меоям. То соли хониши 2018-2019 ба баровардани чаҳор синфи тоҷикӣ ва чаҳор синфи ӯзбекӣ муяссар шудам, – гуфт роҳбари синфи 2-юми «А», омӯзгори соҳиби тоифаи якум Д. Усмонова. – Рӯзи 25-уми сентябри соли ҷорӣ дар мактабамон бо ташаббуси ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Олами китоби Самарқанд» ярмаркаи фурӯши китобҳо ташкил гардид. Дар толори калони мактаб хонандагони синф назди аҳли мактаб ва меҳмонон баромади маънавию маърифатии худро тақдим карданд. Бисёриҳо аз иҷрои шеъру сурудҳои хондаи шогирдонам мамнун гардиданд. Бояд гӯям, ки китоби «Алифбо» –и синфи якум, ки дар Тошканд чоп шудааст аз хатоиҳо холӣ нест. Муаллифон бо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ҳамкорӣ мекарданд, айни муддао мешуд. Дӯстон ба ман китобҳои ҳикояҳо аз маснавӣ «Се моҳӣ» (нашриёти «Дунёи дониш», соли 2014) ва масалҳо аз «Баҳористон» – и Ҷомӣ «Гунҷишк дар лаклак» (нашриёти «Дунёи дониш», соли 2015) расонданд. Аз ин китобҳо нусхабардорӣ карда, ба шогирдонам сабақ дода истодаам. Шогирдонам ба азёд кардани шеърҳо завқу ҳаваси калон доранд…
Муаллима Д. Усмонова ҳар як дарсашро бо асбобҳои нишондод, навор ва усулҳои инноватсионӣ пуршавқ мегузарад. Мекӯшад, ки шогирдонаш аз ашъори бузургон бисёртар шеър аз ёд кунанд, баодобу хушрафтор шаванд.

Ҷамшеди АСРОР.