Китоб – дӯсте, ки айбатро ислоҳ мекунад

Китоб – дӯсте, ки айбатро ислоҳ мекунад

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Инсон қодир аст, ки дар давоми умри худ аз ҳазор зиёд китоб хонад. Сӯҳбати мо бо декани факултаи механика-математикаи ДДС Акрам Бегматов аз ҳамин масъала оғоз ёфт,
Ин бешубҳа барои амалӣ намудану ташкили корҳо оиди баланд бардоштани маънавияти ҷавонон ва тарғиби васеи китобхонӣ дар байни онҳо вобаста, ки яке аз 5 ташаббуси Президентамон мебошад, хизмат хоҳад кард.
– Китоб яке аз ихтироъҳои бузург дар таърихи инсоният аст, ки зиндагии ӯро ба куллӣ тағйир дод. Ман ҳаёти одамро бе китоб тасаввур карда наметавонам.
Барои он, ки одам дар ҳаёт ҷойи муносиби худ ва бахти ҳақиқӣ ёбад, бояд бештар китоб хонад.
Дӯсте, ки айбатро нагуфта, камбудӣ ва норасоиҳоятро беминнат ва беғараз ислоҳ мекунад, китоб аст, – гуфт А.Бегматов. – Ҳар одами солимақле, ки китоб мехонад, аз он панде мегирад, хулоса мебарорад, бурду бохти худро мефаҳмад, ҷаҳонбиниаш васеъ мешавад, нутқаш равон мегардад, ба олам ва атрофиёнаш ба назари нек менигарад, дӯстро аз душман фарқ мекунад ва аз ҳама муҳимаш, худашро мешиносад.
– Шумо то имрӯз чӣ қадар китоб хондед ва онҳо дар ҳаёти шумо чӣ гуна нақш гузоштанд?
– Ман хонданро дар синни 5-солагиам омӯхтам. Аввалҳо кам китоб мехондам, аммо баъдтар китобхонӣ ба ман одат шуд, чунки падару модарам шавқи маро ба хондани китоб зиёд мекарданд. Ҳоло ин анъана дар оилаи мо давом дорад.
Дар яке аз анҷуманҳои байналхалқӣ олиме ҳангоми маърӯзааш ба ҳозирон савол додааст, ки кинотеатри аз ҳама калон ва зеботарини дунё кадом ва дар куҷо аст? Посухҳои ҳозирон гуногун буданд, вале олимро қонеъ накарданд. Сипас, худаш гуфт, ки кинотеатри калонтарин ва зеботарин майнаи сари инсон аст. Чунки он хусусияти дар худ ҷой додани маълумот ва ахбори зиёдро дорад ва аз ҳеҷ кадом кинотеатр кам нест. Дар мияи инсон беш аз 15 млрд. ҳуҷайра мавҷуд буда, ҳар яки он вазифаи худро дорад. Вақте ки мо китоб мехонем, ҳар як воқеаи дар он тасвиршуда, қаҳрамонҳо ва сюжети онро ба таври худ тасаввур ва дарк мекунем.
Ҳоло адади китобҳои хондаам ба 743 дона расидааст. Мутолиаи китобҳо барои ба ин дараҷа расидани ман ёрӣ расонданд, албатта. Ман асарҳои Абдулло Қодирӣ, Чӯлпон, Абдулло Қаҳҳор, «Мартин Иден»-и Ҷек Лондон, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва амсоли онҳоро хондаам. Китобҳоро мутолиа намуда, худомӯзиро ёд гирифтам.
Бузургон чунин гуфтаанд:
«Китоб оинаи шаффофтарин аст, он айбатро надидаву нагуфта, ислоҳ мекунад».
– Мутолиаи китобҳои чопӣ аз электронӣ чӣ фарқ доранд?
– Китобҳои электронӣ барои дастраси омма гардидани асарҳои нодир имконияти хуб фароҳам оварданд. Вале ин маънои онро надорад, ки танҳо китобҳои электронӣ мутолиа кунем. Барои ман хондани китоби чопӣ аз электронӣ беҳтар аст. Шояд мо аз хурдӣ ба он одат кардаем. Вале муҳим он аст, ки хоҳ китоби чопӣ хонед, хоҳ электронӣ, натиҷааш хуб шавад.
– Маслиҳатҳои шумо барои китобхонӣ ба ҷавонон.
– Имкониятҳои хубе, ки ҳоло барои хондани китоб ба ҷавонон фароҳам оварда шудаанд, дар даври мо набуданд. Ҷавонон аз чунин шароитҳо самаранок истифода баранд. Зери шиори «Хонед, хонед, боз хонед» ҳамеша бо роҳи рост, ба пеш ҳаракат кунанд ва барои ривоҷёбии диёри азизамон ҳиссаи шоиста гузоранд, барои ҳама нуран аъло нур мешавад.

Суҳбаторо
Ситора РАҲМОНБЕРДИЕВА
.