Варзишгари забоншинос

Варзишгари забоншинос

Дар ривоҷи тарбияи ҷисмонӣ ва спорт, тарбияи варзишгарони соҳиб­истеъдоди диёрамон донишманди спорт, номзади фанҳои педагогӣ, профессор Хамроқул Рофеев ҷои ба худ хос дорад.
Вай аз хурдсолӣ ба варзиш меҳр монда, соли 1960 ба Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Ӯзбекистон дохил шуд. Соли 1964 донишкадаро бо дипломи имтиёзнок хатм намуда, фаъолияти меҳнатиро ҳамчун омӯзгори кафедраи атлетикаи сабук оғоз намуд. Вай ҳангоми кор ҳис кард, ки дастурамалҳои варзишӣ ба забонҳои халқҳои маҳаллӣ хеле каманд. Дар соли 1965 бо мақсади ҳалли ин муаммои пурдолузарб дар Ӯзбекистон яке аз аввалинҳо шуда, китоби дарсии «Легкая атлетика – ро» ба забони ӯзбекӣ тарҷума кард. Агар ин, аввало барои хуб аз худ намудани фан ба донишомӯзон ёрӣ расонад, дуюм, дар Ӯзбекистон барои офаридани китобҳои дарсӣ ба забони модарӣ ва ба воситаи онҳо додани таълим асос гузошт, саввум, аввалин шуда, «Физическая култура» – ро ба забони модарӣ «Тарбияи ҷисмонӣ» ё ки «физкултура» не, балки чун «маданияти ҷисмонӣ» истифода бурданро ба роҳ монд. Инчунин, истифодаи мафҳум ва ибораҳои асосии маданияти ҷисмониро ба забони ӯзбекӣ аз ҷиҳати илмӣ, назариявӣ ва амалӣ асоснок кард.
Сонитар Ҳ. Рофеев дар ҳамкорӣ бо профессор У. Иброҳимов дастури амалии таълимӣ – услубии «Спорт ва қадрият», дар соли 2012 дастурамали таълимии «Атлетикаи сабук ва методикаи таълими он» – ро ба забони давлатӣ чоп кунонд. Ин дастурамал ба сифати дастурамали зарурӣ дар соли 2013 аз нав нашр карда шуд. Устод дар чопи боз чанд китобҳои дарсӣ, дастурамалҳои таълимӣ ва луғатҳо дар соҳаи спорт ҳисса гузошт.
Ҳ. Рофеев дар соли 1998 луғати русӣ-­ӯзбекии истилоҳҳои тарбияи ҷисмонӣ ва спортро тартиб дода, онро чоп кунонд. Ҳоло мутахассисони соҳа аз ин луғат васеъ истифода мебаранд.
Устод дар Ӯзбекистон ба мактаби ба худ хоси ривоҷ додани маданияти ҷисмонӣ асос гузошта, дар омӯхтани фанни тарбияи ҷисмонӣ ва спорт ба забони давлатӣ саҳми арзанда ҳамроҳ кард. Танҳо овардани рӯйхати китобхое, ки вай барои ин соха навиштааст, исботи ин фикр шуда метавонад.
Ҳоло вай машғули омода кардани луғат, китобҳои дарсии варзиши ба забони давлатӣ аст. Агарчи синнаш аз ҳаштод гузаштааст, ҳамон боғайрат аст. Вай бо ҳаёти худ барои мустаҳкам кардани саломатии инсон то чӣ андоза аҳамият доштани спортро исбот намуд.

Мирзо МАСЪУЛ.