20-то автомашинаи «ДАМАС»

20-то автомашинаи «ДАМАС»

ба шохобчаҳои ёрии таъҷилии тиббии Самарқанд супурда шуд

Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ муайян карданд, ки ҳар вилоят муассисаи намунавии ибтидоии тиббӣ ташкил карда, оиди талабҳое, ки ба он гузошта шудааст, семинар гузаронанд. Чунин семинар барои муассисаҳои тиббии Самарқанд гузаронда шуд.
Дар оғози семинар ба шохобчаҳои ёрии таъҷилии тиббии вилоят 20- то автомашинаи «Дамас» супурданд. Дар маросим Спикери Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олӣ Н. Исмоилов ва депутати Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олӣ А. Пардаев ҳозир буданд.
Дар тадбир ҳокими вилоят Э. Турдимов дар бораи эътиборе, ки дар вилоят ба соҳаи тиббиёт нигаронида мешавад, ҳарф зад.
Соли равон аз буҷети маҳаллӣ барои инкишофи соҳаи тандурустӣ 27 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуд, -гуфт ҳокими вилоят Э. Турдимов. –Инчунин, то ҳол ба ин соҳа 20-то мошини сабукрав, 16- то автомобили навъи дигар доданд.
Иштирокчиёни тадбир дар шифохона (поликлиника) ҳои оилавии рақами 4 ва 9, инчунин шифохонаи марказии бисёрсоҳавӣ шуда, шароити онҳоро аз назар гузаронданд. Дар шифохонаи рақами 9 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 4 миллиарду 300 миллион сӯмина корҳои таъмирӣ амалӣ мегарданд. Дар дигар шифохонаҳо низ корҳои сохтмону таъмир давом доранд.