Ургут — дорои салоҳияти бузурги иқтисодӣ

Ургут — дорои салоҳияти бузурги иқтисодӣ

Бо ҳамкории ҳокимияти вилоят, шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва Садорати ахбору комминикатсияҳои оммавӣ барои ходимони воситаи ахбори умум ба ноҳияи Ургут пресс-­тур ташкил карда шуд.
Меҳмононро ҷонишини ҳокими ноҳия Тӯлқин Муҳаммадмуродов пешвоз гирифт. Иштирокдорон нахуст ба деҳаи Ғӯс ба зиёратгоҳи Ғавсул Аъзам рафтанд. Ба кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ оиди корҳои сохтмонӣ ва ободсозие, ки дар атрофи зиёратгоҳ амалӣ гардидаанд, маълумот дода шуд.
Сипас, рӯзноманигорон дар минтақаи озоди иқтисодии Ургут, ки дар ҳудуди Сариқтеппа ташкил карда шудааст, фаъолияти корхонаҳои бузурги истеҳсолиро аз назар гузаронданд. Ба онҳо оиди фаъолияти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди ‘‘Самэлектросервис’’, ки печҳои барқӣ ва плитаҳои газӣ истеҳсол мекунад, маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки дар корхона дар як рӯз 500 дона печ ва 250-то плитаи газӣ тайёр карда мешавад. дар ҷамъият 165 нафар ҷавонони ургутӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Инчунин, иштирокдорони пресс-­тур аз фаъолияти фабрикаи гилембофии «YEC» дидан карданд. Дар ин корхонаи бузург, ки фаъолияти худро бар ивази маблағи 20 миллион доллари амрикоӣ ба роҳ мондааст, маҳсулот бо таҷҳизоти аврупоӣ истеҳсол карда мешавад. Корхона ба беш аз 10 мамлакати ҷаҳон маҳсулот экспорт мекунад. Ҳоло дар ин фабрика 50 нафар коргар фаъолият доранд ва то охири сол ба 200 адад расонидани теъдоди онҳо дар назар аст.
Ғайр аз ин, рӯзноманигорон бо фаъолияти корхонае, ки 5 намуди чӯткаҳои дандоншӯиро истеҳсол мекунад шинос шуданд.

Толиб ЮНУСЗОДА.