Заминаи амиқи омӯзиши фан

Заминаи амиқи омӯзиши фан

Имрӯзҳо дар мактабҳои таълими умумӣ «Моҳонаи фанни забон ва адабиёт» давом дорад. Дар доираи моҳона тадбирҳои фарҳангиву адабӣ ва илмиву амалӣ ташкил мегарданд. Инчунин, аз тарафи омӯзгорони фанни забони ӯзбекӣ дар асоси технологияҳои ахборӣ ва мултимедӣ, усулҳои ноанъанавӣ дарсҳои кушод ташкил мегардад ва иштироки фаъоли хонандагон таъмин карда мешавад.
Дирӯз дар мактаби мо низ дар доираи моҳона ва ба муносибати 30-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» бо иштироки хонандагони синфи X зери мавзӯи «Забони модариям, ҷону дилам» тадбир гузаронида шуд.
Дар он хонандагон дар васфи забони модарӣ, эҳтиром ва ҳифз намудани он шеърҳо қироат карда, сурудҳо хонданд. Аз рӯйи ҳаёт ва эҷодиёти шоиру нависандагон саволу ҷавоб карданд. Инчунин, аз асарҳои нодири адабиёти ӯзбек саҳначаҳо гузоштанд.
Бояд гуфт, ки гузаронидани моҳонаҳои фаннӣ барои омӯзиши амиқи фан, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти маҳфилҳо, дар асоси талаби замон амалӣ намудани ҷараёни таълиму тарбия, афзунсозии маҳорати педагогии омӯзгорон, дар амал татбиқ кардани ҷустуҷӯҳои илмӣ ва меҳнати фидокоронаи муаллимон хизмат карда, дониши хонандагонро афзун мекунад.

Азиза ЗОКИРОВА,
омӯзгори мактаби таълими умумии
рақами 22-и ноҳияи Самарқанд.