Ба ранги гунбадҳои нилгун

Ба ранги гунбадҳои нилгун

Ман ба дидану варақ задани аввалин шумораи рӯзномаи «Овози Самарқанд», ки ба ранги кабуд, ба ранги гумбадҳои нилгуни шаҳри бостонӣ чоп шуда буд ва аз он, ки рӯзномаи вилоятии тоҷикӣ пас аз даҳсолаҳо арзи вуҷуд кардааст, эҳсоси хушбахтӣ менамудам.
Камина аз он сарафроз будам, ки бо тақозои сарнавишт аз соли 1994 то соли 2000 ба таври қарордодӣ дар идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» иҷрои вазифа намудам ва дар таҳияву нашри он, аз ҷумла дар таҳияи шуморае, ки ба бистсолагии таъсиси нашрия ихтисос дошт, саҳм мегузоштам. Дар ин давр мушарраф шудам, ки бо муҳаррирони он Нор Остонзода, Ғафурҷон Маҳмудов, кормандони идора – рӯзноманигор ва нависандаи маъруф Адаш Истад, рассоми машҳуру чирадаст Даврон Сафозода, нависанда Бахтиёр Ҷумъа, шоир ва тарҷумон Акбар Пирӯзӣ, хабарнигорони варзида Ӯктам Иброҳим, Тошқул Азимзода, Шавкати Баҳром, Мирсафо Камолӣ, шоир ва рӯзноманигор Асадулло Исмоизода ва дигарон аз наздик ҳамкорӣ намоям. Ба ман кор бо рӯзноманигорони ҷавону бомаҳорат Озод Ҳамидзода Шӯҳрати Ҳусейн, Дилрабо Насимӣ, Дилшода Ҳазратқулиён, мусаҳҳеҳону ҳуруфчинҳои нуктадону масъулиятшинос Гулчеҳра Ҳалимӣ, Шоистахон Аббосова, Лола Раҳимӣ, Мастура Султонӣ, Муборак Содиқӣ шодиафрозу шавқангез буду боиси ифтихор ва қаноатмандӣ аз заҳматҳои эшон.
Солҳои кор дар «Овози Самарқанд» барои худам низ аз назари фаъолияти эҷодӣ бобаракат буд. Бо чанде аз рӯзномаҳои мактабиён ҳамкорӣ доштам. Маҷмӯаҳои навиштаҳои шоирони хушзавқ Нормурод Каримзода, Хоҷа, Шаҳзода, Шакар Деҳқон ва дигаронро барои табъу нашр омода сохтам. Бо супориши Вазорати таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои шогирдони синфҳои 2, 3 ва 4-и мактаб­ҳои тоҷикӣ «Китоби хониш» мураттаб намудам, ки аз соли 2001 дар нашриёти «Ӯзбекистон» (Тошканд) ҳамасола интишор мешавад. Бо ҳамкорӣ ва ҳимояи Азиз Юнусзода ва Ҷамол Сироҷиддини Хумӣ (мудири собиқ нашриёти «Суғдиён») тадвин ва нашри девонҳои Хубии Самарқандӣ («Авроқи носӯхта») ва Вофии Самарқандӣ («Армуғон»)-ро анҷом додем ва равони ин шоирони муҳоҷирро, ки аз ҷумлаи намояндагони адабиёти гузашта будаанд, шод кардем. Бо эҳтимоми Муқимҷон Орифӣ – набераи Ориф Гулханӣ ашъори адиби мазкурро ба дасти чоп супоридем.
Чопи «Панднома»-и Хоҷа Абӯмансури Мотурудӣ ва «Самария»-и Абӯтоҳирхӯҷаи Самарқандӣ дар саҳифаҳои «Овози Самарқанд» аз ҳадяҳои мо ба хонандагони арҷманди рӯзнома буд. Ҳамчунин онҳоро бо тамоми шеъру қитъаҳои таърихии масҷиду мадрасаҳои Самарқанд, ки ба забони модарии мо сабт шудаанд, таҳти рукни «Ашъори масоҷид» ошно кардем.
Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳайате хастагинопазир, пуркор ва заҳматкаш аст. Инак, он бо кӯшиши пурсамару заҳмати боровар «Овози Самарқанд»-ро гӯётару шевотару баландтар намуда, мақому мавқеи онро дар байни расонаҳою нашрияҳо мустаҳкаму устувор нигаҳ медорад. Ҳайати ҷӯяндаю пӯяндаи рӯзномаро бо сиюмин солгарди таъсиси нашрия аз замири дил табрик менамоям. Ба ҳамкорони собиқи худ барои самимияту одамияташон ташаккури беандоза иброз медорам, чунончӣ шоире фармудааст:
То ин дили моилшуда хомӯш нагардад,
Некии шумо ҳеҷ фаромӯш нагардад.

Ҳазрат САБОҲӢ,
номзади илми санъатшиносӣ
.