150 нафар паҳлавон дар Самарқанд ҷамъ омаданд

150 нафар паҳлавон дар Самарқанд ҷамъ омаданд

Дар қарибии майдони Регистон доир ба бозии қаҳрамонон ва сангбардорӣ мусобиқаи Ҷоми Ӯзбекис­тон гузаронида шуд. Дар он қариб 150 нафар собиқадорон, калонсолон, ҷавонон ва шахсони имконияти ҷисмонияшон маҳдуд, ки аз вилоятҳо омада буданд, қувва озмуданд.
Дар маросими кушодашавии тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Р. Қобилов, президенти Федератсияи бозии қаҳрамонон ва сангбардории Осиё А. Наҷмиддинов оиди ташкили чунин мусобиқаҳо дар мактабҳои таълими умумӣ, мактабҳои варзишии бачагон ва наврасон, муассисаҳои таълими олӣ, афзунсозии таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин намуди варзиш ҳарф заданд.
Паҳлавонҳо аз рӯйи шартҳои сангро такон дода бардоштан, ба масофаи 18 метр бардошта бурдани таҷҳизоти вазнаш 170 килограмм ва бори 300 килограммина, бардоштани штангаи 110 ва 200 килограммина, дар як дақиқа аз ҳама зиёд боло бардоштани гантел, ки 80 кг. вазн дорад ва ба масофаи 20 метр кашидани автомобили боркашони 17,5 тоннагӣ қувва озмуданд.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ паҳлавони сурхондарёгӣ Иброҳим Назаров ғолиби мусобиқа гардид. Намояндаи вилояти Самарқанд Олимҷон Раҳматов ҷойи дуввумро ба даст овард. Инчунин, аз рӯйи тоифаҳои вазн ва синну соли гуногун ғолибон муайян гардида, бо диплом, медал ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.

Ҳ.ЭЛТОЕВ.