Нафақапулӣ чӣ хел таъин карда мешавад?

Нафақапулӣ чӣ хел таъин карда мешавад?

Ҳангоми вохӯрии кормандони рӯзнома дар маҳаллаи Сулфакабудаки ноҳияи Самарқанд,  шаҳрванди ин маҳалла Ф. Бузруков арз кард, ки ӯ ҳарчанд дар хоҷагии ҷамоавӣ дуру дароз ва ҳатто баъзе солҳо то 305-310 рӯз меҳнат намуда бошад ҳам, нафақапулии кам мегирад. Мо муроҷиати ӯро ба самъи ходимони шӯъбаи Хазинаи ғайрибуҷетии нафақаи ноҳияи Самарқанд расондем ва чунин ҷавоби расмӣ гирифтем.
Пенсияи одамон мувофиқи қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи таъминоти шаҳрвандон бо нафақаи давлатӣ» таъин мегардад.
Аз рӯйи моддаи 7-уми он мувофиқи синну сол мардҳо 60-ро пур карда, камаш 25 сол ва занҳо 55-ро пур кунанд ва собиқаи кории камаш 20-сола дошта бошанд, ҳуқуқи нафақагирӣ пайдо мекунанд. Инчунин, мувофиқи моддаи 8-уми қонуни мазкур ҳангоми таъини нафақа (моддаи 7-ум) барои ба нафақабароӣ аз рӯйи синну сол стажи кории лозима надош­та бошанд, бо назардошти бандҳои «а», «б» ва «г»-и моддаи 37-уми қонун, яъне ҳангоми доштани камаш 7 сол стажи корӣ, ба миқдори мутаносиби солҳои кории доштаашон нафақа таъин карда мешавад.
Махсусан, ҳангоми таъин кардани пенсия миқдори он ба муддати стажи корӣ вобаста буда, таркиби зеринро дар бар мегиранд:
– миқдори такягоҳи нафақа;
– зиёднамоии миқдори нафақа барои стажи корӣ;
– ҳақҳои иловагии ба пенсия ҳамроҳшаванда.
Дар банди «а»-и моддаи 26-ум миқдори такягоҳи нафақа ва дар моддаи 29-уми қонун оиди пурра набудани стажи корӣ сухан меравад. Яъне, агар стажи корӣ пурра набошад, мутаносибан мувофиқи стажи кории мавҷуда нафақа таъин мегардад. Агар ба масъалаи асосӣ оем, онҳое, ки дар хоҷагии ҷамоавӣ кор карда, ба пенсия баромадаанд, мувофиқи миқдори пенсияи онҳо ба стажи корӣ ва миқдори музди меҳнати моҳона таъин карда мешавад.
Комиссияи ноҳиявии таъиннамоии пенсия ва нафақа ҳуҷҷатҳои пенсиябароии сокини маҳаллаи Сулфакабудаки ноҳияи Самарқанд Ф. Бузруков, ки соли 1959 таваллуд шудааст, омӯхта, маълум мекунад:
Шаҳрванд Ф. Бузруков ба шӯъбаи Хазинаи ғайрибуҷетии нафақаи ноҳияи Самарқанд барои таъин кардани нафақа 23-юми апрели соли 2019 муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои заруриро тақдим намудааст. Ҳуҷҷатҳои ӯро комиссияи ноҳиявии таъиннамоии пенсия ва нафақаҳо омӯхта, дар асоси моддаи 8-уми қонуни «Дар бораи таъминоти шаҳрвандон бо пенсияи давлатӣ» 19 солу 5 моҳ стажи кории нопурра (стажи кории талабшаванда 25 сол) аз 16-уми апрели соли 2019 сар карда, ба миқдори 307948 сӯм нафақапулӣ таъин кардааст.
Ба шаҳрванд Ф. Бузруков, ки солҳои 1975-2000 дар собиқ хоҷагии ҷамоавии «Самарқанд» кор карда, аз сабаби пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои минимумии тасдиқкунанда ҳамин қадар нафақапулӣ таъин карда шудааст.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 12-уми июли соли 2015 «Дар барои зиёд кардани миқдори музди меҳнат, пенсияҳо, стипендияҳо ва нафақапулиҳо» аз 1-уми августи соли 2019 миқдори нафақаи шаҳрванд Ф. Бузруков 338743 сӯм аст.
Аз рӯйи ҳуҷҷатҳои қонунии дарамалбуда нафақапулии шаҳрванд Ф. Бузруков дуруст таъин карда шудааст ва дода мешавад.

Фирдавс ҒАНИЕВ, мудири шӯъбаи Хазинаи ғайрибуҷетии нафақаи ноҳияи Самарқанд.