Даромади буҷаи давлатии Ӯзбекистон 1,5 баробар афзоиш ёфт

Даромади буҷаи давлатии Ӯзбекистон 1,5 баробар афзоиш ёфт

Ҳукумати Ӯзбекистон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи раванди амалисозии барномаи давлатии “Соли сармоягузориҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ” ҳисобот дод.
Бар асоси ин ҳисобот, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019 тавлидоти нохолиси дохилии (ВВП) бахши саноат 7 фоиз, бахши хидматрасонӣ 12,7 фоиз, кишоварзӣ, ҷангалдорӣ ва моҳипарварӣ 2,4 фоиз рушд кард.
Дар ин давр дар натиҷаи эҷоди шароити хуб барои сармоягузорӣ ҳаҷми кулли ҷазби сармоягузорӣ 46 фоиз ва корҳои сохтмонӣ 19,3 фоиз рушд дошт.
Дар 9 моҳи сол даромади буҷаи давлатии Ӯзбекистон 79,2 триллион сӯм буд, ки ин шумора дар муқоиса бо даври мувофиқи соли гузашта 1,5 баробар афзоишро нишон медиҳад. Сарфу харҷи буҷаи давлатӣ дар ин муддат 86,5 триллион сӯм буд, ки 53,2 фоизи он барои пуштибонӣ аз бахши иҷтимоӣ равона шудааст.

Таҳияи Умед ФАРҲОДЗОДА.