«Порахӯрӣ»

«Порахӯрӣ»

Ҳикоя

Хабару мақолаҳое, ки дар давоми ҳафтаи гузашта дар мавҷи ҳаво паҳн гардиданд, муҳокима карда мешуд. Дар ин бора муҳаррири шӯъбаи кишоварзии идораи радио Ҳосилӣ маърӯза мекард. Шавкатӣ чанд ҷумлаи аввали баромади ӯро бодиққат шунид. Баъди он боз воқеаи «порахӯрие», ки бо ҳамин Ҳосилӣ вобаста буд, ба хотираш расид. Акнун ҳарчанд диққаташро ба маърӯза ҷалб карданӣ шавад ҳам, мурод ҳосил нагардид. Ҳангоме, ки аз лавҳаи хотираш лаҳзаҳо чун видеотасвир гузашта шуданд, табассуме карда монд. Дар ҳамин вақт ҳис намуд, ки диққати ҳампаҳлӯёнаш ба ӯ дӯхта шудаанд. Инак, табассуми ғайримавқеи Шавкатиро пай бурдаанд. Гӯё оҳо аз гапҳои аз дилрондаи ӯ низ огоҳ шуда бошанд, ки вай хиҷолат кашида, чун шоҳтути заминии нимпаз сурх шуд.


Шавкатӣ аз рӯйи одат дар соати даҳ дақиқа кам нӯҳ дар дафтари кориаш ҳозир шуд. Ба курсиаш нишаста истода, дар болои тарафи рости миз дар паҳлӯи дастгоҳи телефон чизи коғазпечеро дид. Аввал ҳайрон шуд, ки онро кӣ монда бошад. Баъд аз дил гузаронд, ки мухбири калони шӯъба Воситзода имрӯз ғайричашмдошт аз ӯ пеш ба кор омадааст. Азбаски мизашон ҳампаҳлӯ истодааст, бо хаёл каме ин тарафтар мондааст. Бинобар ин, аз паси кору бори хеш шуд.
Баъди пешин ба хотираш расид, ки Воситзода серӯза ба сафари эҷодӣ, яъне командировка рафтааст. Бинобар ин, он чизи коғазпечро бо ду ангушташ тела дода, ба гӯшаи мизи ӯ гузаронд.
Рӯзи ба кор баромадани Воситзода Шавкатӣ ҳамон чизи коғазпечро боз дар болои мизи худ дида, аз Воситзода пурсид.
– Ин чизатонро боз болои столи ман мондед?
– Кадом чизро?
– Мана ин коғазпечро.
– Ин магар аз они худи шумо нест?
– Не. Инак, аз они шумо ҳам нубудааст-­дия? – тааҷҷуб намуд Шавкатӣ.
– Не… Худаш ин чӣ бошад?
– Намедонам.
Воситзода бо дастонаш онро дошта дида гуфт, ки ду шиша аст.
– Ие, дар ин ҷо шиша чӣ кор мекунад? Модоме ки даст кофтед, акнун кушода бинед, ки вай чӣ гуна шиша будааст.
Воситзода онро кушод. Диданд, ки ду шиша коняки «Самарқанд» печонда шуда будааст. Баъди ин, ҳар дуи онҳо ба якдигар бо тааҷҷуб нигаристанд. Ҳайрати Шавкатӣ беш аз пеш афзуд. Аз ин рӯ, бо китфҷунбонӣ маънои «ман ҳайронам»-ро кард. Воситзода бошад, дар ҷавоби он гуфт:
– Ин аҷиб-­ку! Кӣ моро бо коняк зиёфат карданӣ шудааст? Аз ин мебарояд, кадом касе хуб медонистааст, ки шумо ин гуна корҳоро чашми дидан надоред. Бинобар ин, боз як бор санҷидан хостааст.
Аз ин гапҳои Воситзода ба дили Шавкатӣ гӯё оташ афтод. Дар якчанд сония хаёли ӯ ба сад кӯчаю тангкӯчаи сарбаста даромада баромад. Аммо хулосаи қатъӣ бароварда натавонист. Бинобар ин, фик­ру хаёли на фақат вай, балки Воситзода ҳам ду рӯз бо ин муаммо банд шуд. Шишаҳои коғазпеч бошад, ду рӯз дар ҳамон ҷойи худ истоданд. Рӯзи сеюм Шавкатӣ ба Воситзода гуфт, ки онҳоро гирифта, дар рафи ҷевон гузорад. Он чиз понздаҳ рӯзи дигар дар он ҷо истод. Акнун дар ҳар ду-­се рӯз як бор шишаҳо ба хотир омада, боиси гуфтугӯ мегардиданд. Дар охир умедашонро аз он канданд, ки вай соҳиб дораду омада мебарад. Илова ба ин, ҳар гоҳ сухан оиди коняк равад, дили Шавкатӣ ғаш мекард. Аз ин рӯ, дар поёни сухан дар бораи ҳамон чиз Воситзода ба Шавкатӣ гуфт:
– Муаллим, росташро гӯям, шумо як одати нағз доштед: ҳар сари чанд моро бароварда зиёфат медодед. Он вақт ҳамааш аз кисаи худатон мешуд. Ҳозир боз моро хумори зиёфати шумо гирифтааст. Ина бинед, ки нӯшокиашро худаш расонд. Агар он соҳиб медошт, дар давоми қариб бист рӯз пайдо шуда меомад. Аз ин мебарояд, ки соҳибаш бошад ҳам, ин чизро ба ману шумо бахшидааст, ки дигар худашро нишон додан намехоҳад. Бинобар ин, имрӯз маошро ки гирифтед, ҳамон одати кӯҳнаи хубатонро як бори дигар такрор мекунеду олам – гулистон. Дигар на ин шишаҳо ба хотиратон меояду на ҳар сари чанд хаёли моро ҳам парешон мекунед…
– Садқаи одамони оқил бояд шуд, – гуфт бадеҳатан Шавкатӣ бе ҳеҷ андешаю мулоҳиза. – Ҳамин фикратонро барвақттар гӯед намешуд. Барои ин, моҳонаро поида нишастан зарур набуд. Инак, рафта мухбиронро ҳам гӯед, ки баъди корягон нақша накашанд. Ҳамроҳ баромада «занги дил» мешӯем.
Азбаски дар ошхона ҳамроҳи худ оварда, нӯшидани май мумкин набудааст, барои пардапӯш намудани айби хеш дар аввали нишаст ҳамроҳи хӯришу сихкабоб як шиша коняк низ фармуданд. Баъди холӣ шудани он шишаҳои «худдод»-ро кушоданд. Бинобар ин, кайфияти ҳамаашон хуб шуд. Дар рафти сӯҳбат яке аз мухбирон гуфт, ки имрӯз аз меъёр бештар, яъне як шиша зиёд шуд. Бар замми ин, конякнӯшӣ карданд. Аммо сабаби ин нишастро нафаҳмида истодаам?
– Э, ҳанӯз чор нафари шумо аз дунё бехабаред. Он ду шиша коняке, ки ҳамроҳ оварда будем, пора, яъне ришва мебошад. Ҳозир ҳамаамон порахӯр гардидем, – ҳазл кард Шавкатӣ…


Аз байн боз чанд рӯзи дигар гузашт. Ба хонаи Шавкатӣ ҳамин Ҳосилӣ даромада омад. Баъди салому алейк арзи мақсад намуд:
– Рӯзҳои аввали ба бино кӯчиданамон буд. Ба лифт савор шуда, хаёлолуд ба ҷойи рақами се панҷро пахш кардаам. Азбаски долону кабинетҳо, қолину қолинчаҳо, мизу курсӣ ва магнитофонҳо ҳама наванду як хел гузоштаю густурда шудаанд ва хонаҳои муҳаррирону мухбирҳо аз ошёнаи якӯм то ҳафтӯм дар як қатор воқеанд, ман ошёнаи панҷумро ошёнаи худ гумон карда, кабинети чорӯмро, ки калид дар худаш буд, кушода дохил шудам. Нишастанӣ будам, ки телефон занг зад. Чизи дар дастам бударо зуд болои миз паҳлӯи дасгоҳи он гузошта, гӯшакро бардоштам. Ба курсӣ нишаста, папкаи мактубҳоро гирифта бинам, – тамоман дигар. Дурусттар диққат кунам, ким-­чии хона ҳам фарқ карда истодааст. Берун баромада ба рақами ошёна нигарам, панҷӯм. Бинобар ин, шарм доштам ва барои он ки аз ин корам касе огоҳ нашавад, зуд роҳи гурезро гирифтам. Аммо ҳамон рӯз ду шиша конякеро, ки дар роҳ харида будам, дар ҳамин ҷо монда рафтаам. Ҳозир ба хотирам омада монд…

Нор ОСТОНЗОДА.