Шалғам – ба  шамолхӯрӣ даво

Шалғам – ба шамолхӯрӣ даво

Шалғам ба бемориҳои зиёд шифо мебахшад. Дар таркибаш қанд, намакҳои минералӣ, В1, В2, В6, РР, каротин барин витаминҳо, кислотаи пантотен, сафеда, обҳои карбон, инчунин, калий, калсий, оҳан, фосфор, натрий барин моддаҳо ҳастанд.
Шалғами дар об ҷӯшондашуда барои табобати шамолхӯрӣ воситаи хубест. Онро бо гӯшт пухта, истеъмол намоянд, сина ва гулӯъро мулоим мекунад.
Барги шалғам хусусияти пешобронӣ дорад. Барои ин 10 грамм баргро дар 100 грамм об дам кардан лозим.
Барои аз шалғам тайр кардани доруи универсалӣ ба болои ду қошуқи ошхонаи шалғами майдакарда як истакон оби ҷӯш андохта, дар давоми 15 дақиқа ҷӯшондан лозим. Аз он, рӯзе ба миқдори чоряки истакон истеъмол кардан лозим. Як истакони чунин маҳлул пеш аз хоб истемол шавад, вазифаи доруи оромкуниро ба ҷо меорад. Бо он даҳонро ғарғара намоянд, дарди гулӯъ ва дандонро сабук месозад.
Истеъмоли шалғами пухта ва хом ба чашм фоидаовар, роҳи нафасро беҳ мекунад, ба безобитакунии дил малҳами хуб мебошад.
Шарбати бо асал омехташудаи он сулфаро даво мекунад. Ҳангоми баландравии ҳарорати бадан, дарди гулӯъ фоида мекунад.
Шавлаи аз шалғам пухташуда вақти дар буғумҳо ҷамъшавии намак дардро сабук мекунад. Онро ба ҷойи дардкардаистода баста монанд, кифоя аст.
Шалғами пухта ва шарбаташ ҳангоми аз шамолхӯрӣ гум кардани овоз, ба астмаи бронхиалӣ, дарди дандон натиҷаи мусбӣ медиҳад, он таъсири антисептикиро дорад.

Таҳияи Ҷамшеди ПУРАСРОР