Эҳтиром ба чемпион

Эҳтиром ба чемпион

Дар охири моҳи гузашта дар шаҳри Пхеняни Куриёи Шимолӣ чемпионати Осиё оид ба атлетикаи вазнин ба поён расид. Дар он вакилони Ӯзбекистон низ ширкат варзиданд. Паҳлавонписар аз ноҳияи Самарқанд Азимҷон Хоҷаев дар вазни 102 кг. ҷойи аввалинро ишғол намуда, якбора се медали тиллоро ба даст даровард.
Чанде пеш вай дар мусобиқаи байналхалқӣ, ки дар пойтахти Қазоқистон ба вуқӯъ пайваст, ба шоҳсуфаи баланд баромад.
Дар гузари Мирзо Улуғбеки ноҳияи Самарқанд пешвозгирӣ ва қадршиносии варзишгар шуда гузашт. Ҳокими ноҳия Носир Мавлонов чемпиони Осиёро табрик гуфт ва тӯҳфаи хотиравӣ супурд.
– Нияти ман дар оянда чемпиони ҷаҳон ва иштирокчии олимпиада шудан мебошад, – гуфт Азимҷон Хоҷаев. – Барои ин тайёрӣ дида истодаам.
Инчунин, дипломи ДДС-ро гирифта, бо кори мураббигӣ шуғл варзиданиам.

З.ҲАСАНЗОДА.