Дар сохтори расонидани дон, орд ва нон

Дар сохтори расонидани дон, орд ва нон

механизмҳои иқтисоди бозорӣ мӯътадил ҷорӣ мешаванд

Чунин буд хулосаи конфронси матбуотии ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷ. Ӯроқов, ки дирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят дар ин мавзӯъ баргузор гардид.
Маълум, ки бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 14-уми октябри соли 2019 «Дар бораи чораҳои пурра ҷорӣ намудани механизмҳои бозор ба сохтори расонида додани дон, орд ва нон» таҳти рақами 866 аз 15-уми октябри соли 2019 фурӯши маҳсулоти аз ҳосили ғаллаи соли 2019 тайёркардаи ширкати саҳҳомии «Уздонмаҳсулот» ба ҳамаи тоифаҳои истеъмолчиёни ғалла танҳо ба воситаи савдои биржа бе маҳдудият ба роҳ монда шуд.
Ҷ. Ӯроқов арз кард, ки дар натиҷаи дидани чораҳои муайян бо мақсади пешгирии якбора баланд шудани нархи орд ва нон, аз ҷумла нони қолабӣ ҷорӣ кардани механизми бозор ба сохтори расонидани ғалла, орд ва нон ба таври мӯътадил мегузарад.
Инчунин, бо мақсади ҳифзи иҷтимоии гурӯҳи камтаъмини аҳолӣ ҷуб­ронпулӣ (пули компенсатсия) барои пӯшидани хароҷоти иловагии хариди орд ва нони қолабӣ ба 50 ҳазор сӯм баробар карда шуд.
Ҷонишини якуми ҳокими вилоят ҳангоми додани посух ба саволҳои рӯзноманигорон оиди нарх, сифат ва вазни нони қолабӣ, таъминоти муассисаҳои таълими томактабӣ ва дигари буҷетӣ бо нон ва рафти ҷорӣ намудани механизми бозор ба ин соҳа, сабабҳои сар задани баъзе норасоиҳо дар ин самт ва чораҳои пешгирии онҳо қайд кард, ки идораҳои дахлдор дар ин кор фаъолияти самаранок бояд пеш баранд. Инчунин, худи истеъмолчиён низ ҳимояи қавии ҳуқуқҳои худро ёд гиранд, ба манфиати ҳар ду тараф аст.

Тошқул АЗИМОВ.