Ҷоизадори мукофоти Нобелӣ – профессори ифтихории Донишгоҳи Самарқанд

Ҷоизадори мукофоти Нобелӣ – профессори ифтихории Донишгоҳи Самарқанд

Профессори кафедраи материалшиносӣ ва муҳандисии Донишгоҳи технологиҳои Исроил, ҷоизадори мукофоти Нобелӣ Дан Шехтман меҳмони Донишгоҳи давлатии Самарқанд шуд.
Дар толори фаъолони донишгоҳ вохӯрии Дан Шехтман бо устодону донишҷӯён, докторантҳову кормандони илмӣ барпо гашт.
– Ҳангоми вохӯрӣ дар Донишкадаи кимиё-­технологии Тошканд ва Донишгоҳи Самарқанд, – гуфт меҳмон, – ба эҷодкор ва меҳнатқарин будани ҷавонони ӯзбекистонӣ гувоҳ шудам. Ин дар оянда, албатта, меваи худро медиҳад. Ба ҷавонон маслиҳат медодам, ки забони англисиро омӯзанд. Ин забон дарҳои дунёро боз ҳам васеътар мекушояд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба Дан Шехтман унвони «Профессори ифтихорӣ»-и ДДС супурда шуд.
– Донишгоҳи мо бо чанд муассисаи таълими олии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Ташрифи олими исроилӣ қадаме сӯйи робита бо мактабҳои олии ин мамлакат аст, – гуфт проректори ДДС Аҳмадҷон Солиев

З.ҲАСАНЗОДА.