Иштироки ҷавонон дар интихобот муҳим аст

Иштироки ҷавонон дар интихобот муҳим аст

Рӯзҳои 28-30-юми октябр дар оромгоҳи ҷавонони ноҳияи Бӯстонлиқ дар доираи лоиҳаи «Интихобкунандаи ҷавон» дар мавзӯи «Дар ҷараёни интихобот васеъгарднии иштироки ҷавонон ва зиёд намудани фаъолии онҳо» семинар-тренинг баргузор гардид. Дар он вакилони Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Комиссияи интихоботии марказӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, беш аз 200 нафар омӯзгорони равияи ҳуқуқшиносии муассисаҳои таълими олӣ, ҷавонони фаъол, тадқиқгарони илмӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд. Семинарро раиси Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон А.Саъдуллоев ва раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон М. Абдусаломов ифтитоҳ бахшиданд. Дар ҷараёни семинар-тренинг нотиқон оиди ба интихобот бефарқ набудани ҷавонон, соҳиби овози худ будани онҳо, дигаргунӣ дар Кодекси нави интихобот ва ғайра ҳарф заданд.

Дар тадбири мазкур толибилми фаъоли коллеҷи иҷтимоиву иқтисодии Гулободи ноҳияи Самарқанд Рустамҷон Аҳрорқулов ҳам иштирок кард. Дар рафти семинар дар байни иштирокчиён пурсишномаҳо гузаронида шуда, бо мақсади дар байни ҷавонон васеъ оммавигардонии корҳои дар соҳаи мазкур амалигардида, ба роҳ мондани фаъолияти сайти WWW.yosh_saylovchi.uz, ба як қарор омаданд.
– Дар семинар-­тренинг доир ба интихобот соҳиби маълумоти зиёд гардидам. Профессор –омӯзгорони Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Тошканд ва вакилони Донишкадаи ҳарбӣ-­техникии Гвардияи миллии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз рӯйи қоидаҳои интихобот, ҷараёнҳои он, ваколатҳои комиссияҳои интихоботӣ, дебатҳои пешазинтихоботии номзадҳо тарғибот бурданд, – гуфт Р. Аҳрорқулов. – Дар семинар иштирокчиён ба 5 гурӯҳ тақсим шуда, бо иштироки вакилони ҳизбҳои сиёсӣ оиди платформаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳо, дастурҳои пешазинтихоботии номзадҳо ва ғайра баҳс намуданд. Дар семинар дӯстони нав пайдо кардам. Табиати мафтункори Бӯстонлиқ ба ман хеле писанд омад.

Ҷамшеди АСРОР.