Дар доираи моҳона тадбирҳо мегузаронанд

Дар доираи моҳона тадбирҳо мегузаронанд

Дар ноҳияи Самарқанд дар доираи моҳонаи «Тарғиботи қонунӣ гузаштани интихобот» аз ҷониби Комиссияи интихоботии ҳавзаи рақами 68-и Самарқанд тадбирҳо гузаронида мешавад. Бо ташаббуси ҳавзаи мазкур бо хизматчиёни Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия, шифохонаи марказии ноҳия, сохторҳои таъминоти қувваи барқи «Зарафшон» сӯҳбатҳои гирди мизи мудаввар гузаронида шуданд. Тадбирҳоро раиси ҳавза Н. Саъдуллоев идора намуд. Дар тадбирҳо асосан оиди дигаргуниҳои ба Кодекси нави интихобот даровардашуда сухан рафт. Иштирокдорон ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд. Дар сӯҳбатҳо котиби комиссияи округ Н. Акрамов иштирок намуда, доир ба ҷараёни овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот маълумот дод.
– Дар маҳаллаҳои Чоршанбе, Хаймари Боло, Янгиариқ ҳам тадбирҳо ташкил карда, аз рӯйи тайёрӣ ба интихобот, дигаргуниҳои Кодекси нави интихобот маълумот додем. Чор гурӯҳи созмонёфта дар 20 маҳаллаи ноҳия шуда, тадбирҳои тарғиботӣ гузаронданд, – гуфт ҷонишини раиси Комиссияи интихоботии ҳавзаи рақами 68-и ноҳияи Самарқанд Раҳмонқул Ҳамроқулов. – Дар 65 қитъаи интихоботии ноҳия бояд аз байни номзадҳои 5 ҳизби сиёсӣ 4 нафар депутат ба Шӯрои намояндагони халқи вилоят, 30 нафар депутат ба Шӯрои намояндагони халқи ноҳия ва 1 нафар депутат ба Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олӣ интихоб шаванд.