Валютафурӯшон ба даст афтоданд

Валютафурӯшон ба даст афтоданд

Дар мамлакатамон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 11-уми декабри соли 2003 «Дар бораи ба тартиб даровардани валюта» ва Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 2-юми сентябри соли 2017 «Дар бораи чораву тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба либераликунонии сиёсати валюта» фурӯхтани валютаи хориҷӣ манъ карда шуда, барои онҳое, ки бо фурӯши ғайриқонунии он машғуланд, ҷазо муқаррар гардидааст. Бо вуҷуди ин, шахсоне ёфт мешаванд, ки бо мақсади ба даст овардани бойигарӣ ба чунин қонуншиканиҳо даст мезананд.
Дар маҷлиси сайёри суди шаҳри Самарқанд оид ба корҳои ҷиноӣ, ки 5-уми июни соли 2018 дар ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи «Боғи Сарой»-и шаҳри Самарқанд баргузор гардид, кори ҷиноӣ вобаста бо асъорфурӯшӣ дида шуд.
Маълум гардид, ки судшаванда Ҷ.У. 11-уми декабри соли 2003 дар хонадони ба худаш тааллуқдори рақами 23-и хонаи рақами 84-и кӯчаи Рӯдакии шаҳри Самарқанд бар хилофи қонун шохобчаи ивазнамоии маблағҳои валютаи хориҷиро ташкил намуда, бо судшаванда Б.Э. забон як кардааст. Чунонки худи судшаванда дар маҷлиси суд ба ин иқрор гардид, дар муддати бо ин амали ғайриқонунӣ машғул гардидани ӯ, 15-уми апрели соли 2018 ба назди ӯ Б.Э. омада мегӯяд, ки як шахси шиносаш сӯми миллии Ӯзбекистон дорад ва мехоҳад, ки онро бо доллари ИМА иваз намояд. «Ҳоло дар бозори сиёҳ як доллари ИМА баробари 8120 сӯм арзиш дорад», мегӯяд ба ӯ Ҷ.У. Баъд аз шунидани ин суханон бо ҳамроҳии худ ду нафар занон – Ш.Е. ва А.И.ро ба назди ӯ меорад. Онҳо мегӯянд, ки бо худ 95 миллион сӯм доранд ва мехоҳанд, ки доллари ИМА харанд. Ҳамин тавр, ба онҳо долларро бо нархи мазкур, яъне 11600 доллар ҳисоб карда медиҳанд. Ш.Е. мегӯяд, ки онҳо бояд боз 100 доллари дигар диҳанд. Ҷ.У. мегӯяд, ки ҳозир пулҳоро ба воситаи машина ҳисоб мекунад ва агар дуруст бароянд, боз маблағи боқимондаро ба онҳо медиҳад.
Дар ҳамин вақт ба хона 4-5 нафар шахсон даромада омада, худро коркунони департамент ва шӯъбаи корҳои дохилӣ муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ки барои муайян намудани онҳое, ки бо ивазнамоии ғайриқонунии валютаи хориҷӣ машғуланд, тадбири зудамал гузаронида истодаанд.
Баъд аз он, ки ходимон хонаро аз назар гузарониданд, ба ғайр аз маблағҳои ивазкардашуда, боз 2 миллиону 500 ҳазор сӯм, инчунин як дона ускунаи пулҳисобкунӣ, як дона калкулятор, 5 дона дафтари ҳисобу китоби валютаи хориҷӣ пайдо гардид. Ҳамаи ашёи бадастомада ба сифати ашёи далелӣ расмӣ кунонида шуд. Айбдорон дар мурофиаи судӣ ба кирдорҳои ғайриқонунии худ иқрор гардиданд.
Мувофиқи ҳукми суд Ҷ.У. бо банди «а»-и қисми 3-юми моддаи 177-уми Кодекси ҷиноӣ айбдор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳдуд намудани озодӣ ба муддати 1 сол таъин карда шуд. Б.Э. низ мувофиқи банди «а»-и қисми 3-юми моддаи 177-уми Кодекси ҷиноӣ айбдор дониста шуда, нисбати ӯ моддаи 57-уми КҶ татбиқ гардид ва ба ӯ ҷазои ҷаримаи ба фоидаи давлат рӯёнидани маблағи ба миқдори 100 баробари камтарин музди меҳнат, яъне 17 миллиону 224 ҳазор сӯм таъин карда шуд.
Ҳар як кирдори ғайриқонунии содиргардида ҳаргиз беҷазо намемонад.

Достон ӮРОҚОВ,
инспектори шӯъбаи департаменти мубориза бар зидди ҷинояткории иқтисодии
шаҳри Самарқанд.