Истеҳсоли плитаҳои мармарӣ

Истеҳсоли плитаҳои мармарӣ

Коргоҳи хусусии «Сартоқчи мрамор»-и ноҳияи Қӯшработ истеҳсоли ашёи сохтмон-­плитаҳои мармариро ба роҳ мондааст. Маҳсулоти коргоҳ дар ороиши роҳравҳо ва деворҳои иморатҳо кор меояд. Сангҳои калонҳаҷмро, ки аз кӯҳи Зарбанд меоваранд, бо ёрии ускунаҳои махсус ба қисмҳо ҷудо мекунанд.
– Фаъолиятро аз соли 2002 оғоз намудем, – гуфт роҳбари коргоҳ Н. Юсуфов. – Корро бо ду нафар коргар сар карда будем. Ҳамон вақтҳо бо ёрии ду ускунаи кӯҳна дар як рӯз танҳо 30-40 метри мураббаъ плита тайёр мекардем. Имрӯзҳо рӯзе 150-200 метри мураббаъ плитаҳои мармар истеҳсол карда истодаем. Соли ҷорӣ аз ҳисоби кредити 180000 доллараи бонк аз хориҷа ускунаҳои замонавӣ оварда шинондем. Имрӯзҳо дар коргоҳ 11 нафар коргар меҳнат мекунанд. Ҳоло содироти маҳсулотро ба Қазоқистон оғоз намудем.

Мухбири худамон.