Тӯйҳои пурдабдаба  лозим нест

Тӯйҳои пурдабдаба лозим нест

Низом дар бораи ба тартиб овардани тӯйҳо расман эълон карда шуд. Вақти гузаронидани тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маъракаву маросимҳо, шумораи иштирокдорон, аз рӯйхати давлат гузаронидани никоҳ, тадбирҳои оилавие, ки бо омадан ва рафтани арӯсу домод ба тӯйхона вобаста аст, истифодаи на зиёда аз 3 воситаи нақлиётӣ, аз ҷониби идории маҳаллӣ ба тартиб андохтани он дар низом акси худро ёфтаанд.
Оё аз баҳри урфу одат ва анъанаҳое, ки таърихи тӯлонӣ доранд, баромада мешавад? Ё ки маъракаву маросимҳое, ки хароҷоти зиёд талаб мекунад, боз давом меёбад? Ҳамаи инро вақт нишон медиҳад.
Ҳар як вилоят, шаҳру ноҳия тӯй ва маросимҳои баъди тӯйии иловагии ба худ хос, ба монанди «Навкари арӯс», «Сеп ёйди», «Қудоталбон», «Домодталбон», «Келинталбон», «Тағора фиристодан», «Пул пошидан» дорад. Хароҷотҳои тӯйро пешакӣ ба нақша гирифта меравем, аммо маросими дафни ба нохост фавтидагон чӣ? Дар баъзе ҳолатҳо хароҷоти маросими дафн аз хароҷоти тӯй ҳам зиёд мешавад.
Аз дигарон намонам гуфта, ба қарз ғӯтида, пас аз гузаронидани маърака тамоми аҳли оила бо домоду арӯси ҷавон солҳо барои пардохти қарз кор мекунанд.
Биёед, ба рақамҳо муроҷиат намоем. Дар айни замон дар мамлакатамон 33,7 миллион аҳолӣ ҷойгиранд. Дар вилояти Самарқанд 11,4 фоизи аҳолии мамлакат ҷойгиранд. Танҳо дар моҳи октябри соли 2018 дар ҷумҳурият зиёда аз 3 ҳазор ҳолати аз никоҳ ҷудошавӣ қайд карда шуд. Сабаби асосӣ норасоӣ дар зиндагӣ, хароҷотҳои маърака, пардохти қарзҳо ва монанди инҳо мебошанд.
Мувофиқи маълумот декабри соли 2018 моҳонаи миёна 2561,3 ҳазор сӯмро ташкил кардааст. Маълум аст, ки бо ин даромад сохтани хонаву ҷойи боҳашамат, гузаронидани маъракаҳои бодабдаба ғайриимкон аст. Дар хориҷа меҳнат карда, пул овардан лозим аст, ё ки бо роҳҳои зидди қонун ва ҷиноӣ пул ёфтан даркор аст.
Мувофиқи маълумоти соли гузашта дар мамлакат зиёда аз 49 ҳазор ҷиноят ба рӯйхат гирифта шуда, аз он қариб 8 ҳазор дуздӣ, 6,8 ҳазор фиребгарӣ ва зиёда аз 3 ҳазор корҳои ҷиноии вобаста ба гиёҳвандӣ содир шудааст.
31,6 фоизи ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби бекорон (шахсоне, ки дар ягон ҷой кор намекунанд), 37,8 фоиз аз ҷониби хонандагон содир шудааст, ки таассуфовар аст.
Натиҷаи мушоҳидаҳо ҳаминро нишон медиҳад, ки маросимҳои каммасраф дар пешгирии ҷиноятҳо ҳиссаи муносиб мегузорад.
Дар ин ҷода ба таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ назар мекунем. Масалан, дар Россия тӯй якрӯза гузаронида шуда, шумораи иштирокчиён нисбат ба мо якчанд баробар кам аст. Дар мамлакатҳои мутараққӣ сарфу хароҷоти асосии оила ба тӯй не, балки барои таълиму тарбияи ҷавонон кор фармуда мешавад.
Дар ИМА дар аксарияти тӯйҳо (бахусус дар ҳудуди Квинс, ки яҳудиён бисёранд) меҳмон пеш аз тӯй барои ҷойи худ ба сифати тӯёна ба арӯсу домод пул мефиристад. Яъне, ҳар як меҳмон барои худ қаблан пул мепардозад. Тӯйдор пешакӣ медонад, ки ба тӯй киҳо меоянд ва ба нақша мегирад, ки кӣ бо кӣ ва дар кадом миз менишинад. Дар даромади тӯйхона таклифномаи худро мегиред, ки дар он ҷойи нишасти шумо нишон дода шудааст. Дар ҳар миз хешу пайвандони наздик, дӯстон менишинанд. Ба соҳибони тӯй қариб «вазниниашон» намеафтад.
Ба фикри мо, ин гуна маросимҳоро дар воситаҳои ахбори оммавӣ тарғиб кунанд, мувофиқи мақсад мешуд.
Маълум аст, ки дар замони ҳозира дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд қариб 17 ҳазор талабагон таҳсил мегиранд. Донишгоҳ аз рӯйи миқдори талабаҳо дар миқёси ҷумҳурӣ дар ҷойи аввал меистад. Дар ин ҷо зиёда аз ҳазор профессор – муаллимон таълиму тарбия медиҳанд. Агар давраи оилабарпокунӣ ба давраи хониш рост ояд, донишҷӯёни донишгоҳ дар гузаронидани маросими тӯйи камхарҷ дар қатори аввалинҳо ибрат бояд бошанд. Ин дар навбати худ ба зиммаи донишҷӯ, мураббӣ, иттифоқи ҷавонон, ходимони масъули маънавият ва маърифати донишгоҳ ба дараҷаи маълум масъулият мегузорад.
Аз буҷаи оила дар тӯю маъракаҳо оқилона истифода бурда, аз он боқимондаашро ба таълиму тарбия, пас аз тӯй ба сафари туристии моҳи асал, ба харидани таҷҳизоти зарурии рӯзгор: компутер, телевизор, кондитсионер, воситаҳои гармидеҳ сарф кунем, беҳтар нест?

А.НИЗОМОВ,
дотсенти кафедраи назарияи иқтисодиёти ДДС
.