Муаммоҳо бояд ҳалли худро ёбанд!

Муаммоҳо бояд ҳалли худро ёбанд!

Вохӯрии навбатии ходимони эъҷодии таҳририяти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» бо муштариёни рӯзнома дар маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Самарқанд қариб бо 40 нафар сокинон ба амал омад.
Нахуст раиси Ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Бахтиёр Акобиров оиди мақсади ташкилшавии вохӯрӣ, вақти расидани ботартиб ва камхарҷ гузаронидани тантанаҳои оилавӣ, тӯйҳо ва маъракаҳои вобаста бо дафн, аз китобу рӯзномахонӣ каме дур шудани аҳолӣ ва ғайра ҳарф зад.
Сипас кормандони рӯзнома Тошқул Азимзода ва Ҷамшеди Асрор доир ба мазмун ва моҳияти низом «Дар бораи ба тартиб овардани тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо», ки бо Қарори муштараки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон қабул карда шуд, баланд бардоштани савияи дониши насли наврас, соҳиби маънавияту маърифат шудани онҳо, мустаҳкам намудани ҳамкории байни матбуоту маҳалла ва бо ин восита бартараф намудани муаммову мушкилиҳои мардум ва ғайра сухан ронданд.
Дар рафти вохӯрӣ иштирокдорон бо чанд таклифу муаммо муроҷиат карданд.
– Вақтҳои пеш одамони маҳалла ба маъракаи худоии ҷавонмаргшуда намерафтанд ё ин ки намегузоштанд, ки дар хонаҳои бачаҳои ятиммонда чунин маърака гузаронда шавад. Ҳоло бошад, одамон ба маъракаи ҷавонмаргшудагон ҳам рафта, аз дастархон беибо таом мехӯранд. Дар оянда фаъолони маҳаллаҳо ба гузаронидани маъракаҳои «бегоҳи ҷумъа», «бегоҳи якшанбе», «бист», «чил», «оши сол», «соли бутун» набояд роҳ диҳанд, аз тарафи дигар баъзан дастархони маъракаи «худоӣ» -ро чунон пурнозу неъмат мекунанд, ки гӯё тӯй бошад, – изҳори ақида намуд сокини маҳалла Ҳомид Аҳадов.
– Писари 53-солаам Ибодулло Исматовро, ки пештар ногирову нафақагир буд, 50 рӯз пеш ҷарроҳӣ карданд. Ӯ 17 сол ин ҷониб бемори бистарӣ мебошад. Аз ҳолу аҳволи вай ходимони тиббии поликлиникаи оилавии рақами 12 –и шаҳр ба таври кофӣ хабар намегиранд, – гуфт сокини хонадони рақами 21-и кӯчаи Каварзор Хурсанд Ҳусаинова. – Ҳоло вай нафақаи ногироӣ ҳам намегирад.
– Дар маҳаллаамон дар тақсимотии гази табиӣ бесарусомониҳо ба назар мерасанд. Фишори газ гоҳ пасту гоҳ баланд мешавад. Фабрикаи галантерии шаҳр ва баъзе сокинони серпули маҳалла бо насосҳои пуриқтидор газро мекашанд. Ин хавфи сарзании сӯхторро ба амал меорад, – изҳори ақида намуд сокини маҳалла Мубинқул Турсунқулов.

Ҷамшед ОБИДОВ.