Замин накафид, ки даром

Замин накафид, ки даром

Э гӯр ин зиндагӣ шавад. Имрӯз ин чиз набошад, пагоҳ вай чиз нест. Рӯзғор ғори таппа-­тайёр-­е! Ҳеҷ гоҳ чор ишкели одамизод буд намешудас. Маҷбур бозорба рафта, майда-­чуйда каданба рос омад. Пулои инзамона бебарака-­мӣ чӣ бало? Як олам пула бурдаму базӯр ду плёнкахалта бозорӣ шуд. Боз як гала чизоя нахарида мондам.
Бозориҳома як бало када, бардошта ба астанофка буромадам. Бозори Сиёбаш мӯрчахона барин бошад, астанофкеша суйдихона мегӯед. Чуғур-­чуғур гӯшу мийетона шиппонда ба дастатон медиҳан. Худоё тавба, билетчинако бо будагӣ овозашон гулӯ медаронан-­е! Оно дод мезадан:
– Прямой Шоҳи Зинда, Янги бозор, Трикотажний, Кафтархона…
– Шодиёна, Дагбетский, Спорткомплекс, республиканский балнитса, Спартак, ҳокимият, ГУМ…
– Биёед, худди ҳозир мерем. Прямой! Чорраҳа, мактаби 6, пеши ресторани Кӯксарой, Булвар, Ёшлар марказӣ…
– Хола, шумо куҷоба рафсед? Ана Геологический, Автовокзал, Боғибаланд. Самалёт барин парида мерем…
Ҳамин вақт дута иностарнсо аз бозор буромадан. Ҳамроҳашон тилмоч. Ҷавон. Гарданашба галстук. Пеш-­пешашону аз ёнашон гузашта, ин чизу вай чиза мефаҳмонад. Вақти мактабхонемоба забони ангилисия гузашта будем. Ҳамон боза як чиз-­ним чиза ҳоли ҳам медонам. Гӯш-­дия, сабилмонда ҳар чиза мешунавад. Хоҳ ишони кунед, хоҳ бовар не, яктаи ҳамон саёҳатчио лилеша бигиз када, тарафи пулчинакои афтобусо ишора када пурсид:
– Ино чӣ хел ашӯла мехонан? Агар ансамли харавой бошан, чиба ҳар кадомашон ҳар хел мехонан?..
Ина шунида замин накафид, ки даром. Гӯшам вазнинӣ кад, чӣ бало, нашунида мондам: гидбача чӣ ҷавоб дод?! Агар гӯд, ки ин бачаю духтару мардое, ки дод мезанан, аъзои ансамли хоровой не, билетчинакои афтобус. Ҷорчио барин номи астанофкаи мерафтагии афтобуса гуфта истоден, хандаовар. Меҳмоно ҳам бекалла не. Хоҳ-­нохоҳ боз пурсиданаш мумкин ки о ин хел бошад, чува дар пешу пушт ва ёни афтобусо нумураша навишта монден, ба куҷоо рафтанаш кӯрба асо не-­мӣ? Меҳмона аз дадет улуғ мегӯн. Агар оно аз дилашон гузаронан, ки мардуми Самарқанд хонда неметонистену ино мегӯн, шармандагӣ!..
Худам ба худам аз шарму хиҷолат обу арақ кати якта шудам. Пули қӯри кисем кам бошадам, якта таксия дошта ба хонем гурехтам…

М.ҶУМЪАЗОДА.