Кулолӣ дар Ӯзбекистон: таърих ва истиқбол

Кулолӣ дар Ӯзбекистон: таърих ва истиқбол

Ба қарибӣ Маркази таърихӣ, маданӣ, маънавӣ-­маърифӣ ва ҳуқуқии «Шарқ дурдонаси»-и вилояти Самарқанд кори хайреро анҷом дода, натиҷаҳои тадқиқот ва ҷустуҷӯйҳои илмии худро оиди таърихи кулолӣ дар Ӯзбекистон ба шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон кард.
Муаллифони китоби «Таърихи истеҳсоли кулолӣ дар Ӯзбекистон ва ривоҷи ояндаи он» Ш. Раҳимов ва М. Умаров асари худро манбаъҳои таърихиро омӯхта ва мақолаҳои илмиро таҳлил карда навиштаанд.
Хазинаи дастгирии ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратӣ ва дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии назди Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои чопи китоб гранти давлатӣ дод.
Китоби мазкур барои донишҷӯёни мактабҳои олии самти санъат ва маданият, хонандагони коллеҷҳои санъат ва оммаи васеи китобхонҳо пешбинӣ шудааст.
Дирӯз дар Коллеҷи ҳунармандӣ ва сохтмони Самарқанд тақдимоти китоби мазкур барпо гашт. Дар он муаллифони китоб Шавкат Раҳимов дар бораи ҳунари кулолӣ, таъриху истиқболи он, Мирхат Умаров оиди баъзе паҳлӯҳо ва сирру асрори ин ҳунар баромад карданд.

Толиб ЮНУСЗОДА.