14 маълумот оиди ҳакими бузург

14 маълумот оиди ҳакими бузург

Бузургтарин симои илмӣ ва яке аз шахсони донишмандтарини асрҳои Х-ХI Абўалӣ ибни Сино 18 – уми августи соли 980 дар деҳаи Афшонаи вилояти Бухоро таваллуд ёфтааст.

Бо ёрии табиби машҳури Бухоро Абўлмансури Камарӣ илми тибро мукаммал омўхт ва ба муолиҷаи беморон шурўъ кард. Аз 16-солагӣ барои табобати беморон шурӯъ кард.

Абўалӣ ибни Сино дар синни 22-солагӣ пас аз шикаст хўрдани давлати Сомонӣ ва вафоти модараш ба Хоразм меравад.

Дар таърих Абўалӣ ибни Синоро Шайхурраис, яъне сардори олимон номидаанд. Чунки вай тамоми илму дониши замони худро ҳаматарафа омўхта, дар муддати чандин аср дар Шарқу Ғарб таъсир ва нуфузи зиёде дошт.

Дертар дар Европа бо номи «Авитсенна» машҳур гардид.

Дар муддати умри кўтоҳи худ дар соҳаи илм­ҳои гуногун бештар аз 450 асар навиштааст.

Аввалин асари ў, «Ал-­маҷмўъ» мебошад, ки дар синни 21-солагӣ таълиф карда буд.

«Китоб-­уш-­шифо» аз муҳимтарин асарҳои ўст, ки аз 18 ҷилд иборат буда, фалсафа, мантиқ, математика, табииёт, мусиқӣ ва дигарҳоро дар бар мегирад.

Оид ба тиб 16 асар эҷод намудааст, ки машҳуртарини онҳо китоби «Ал-­қонун» мебошад ва дар ин китоби 5-ҷилда, ғайр аз масъалаҳои анатомия, патология ва ғайра дар бораи касалиҳои вараҷа, тоун, вабо, нағзак, сурхча ва дигарҳо маълумоти муҳим додааст.

Дар асри ХII Герард Кремонский «Алқонун»-ро ба забони лотинӣ тарҷума намуд, ки он дар соли 1473 дар шаҳри Милан чоп шуд. Ин китоб ба забонҳои халқҳои Европа 40 маротиба нашр карда шудааст. Табибон «Ал-­қонун»-ро то асрҳои XVII-XVIII аз мўътабартарин китобҳои тиббӣ дониста, беморонро аз рўйи он муолиҷа мекарданд.

Ин китоб солҳои 1658 дар Лвов аз ҷониби Пломпид, соли 1491 дар Неапол ба забони ибронӣ, бо тарҷумаи Юсуф Ларкӣ, ба табъ расидааст.

Асарҳои «Донишнома», «Рисолати набз», «Рисолати илми пешин ва барин», «Рисола дар адли подшоҳӣ», «Мантиқи форсӣ», «Зафарнома», «Рисолаи тилисмоти форсӣ» ва дигари Сино ба забони тоҷикӣ навишта шудаанд.

Шеърҳои тоҷикии Абўалӣ аз рубоиёт ва қитъаҳо иборатанд. Рубоӣ ва қитъаҳои ў бештар дар мавзўъҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва танқидӣ навишта шудаанд.

Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ соли 1952 қарор кард, ки инсонияти тараққипарвари имрўза Абўалӣ ибни Синоро ҳам дар қатори дигар мардони бузурги таърихӣ хотирнишон кунад.

Таҳияи Фаридун ФАРҲОДЗОД.