Дар арзҳои дӯстӣ

Дар арзҳои дӯстӣ

Муҳаммад Наими Ҷавҳар фарзанди Ҳоҷӣ Муҳаммад Амини «Порсо» соли 1964 дар шаҳри Кобул чашм ба ҷаҳон кушодааст.
Таҳсилоти ибтидоиро дар Сайид Нур Муҳаммадшоҳ Мина, миёнаро дар Шоҳшаҳид, болоиро дар лисаи олии Ҳабибия ва таҳсилоти олиро дар институти зироати Кобул дар соли 1986 ба поён расонидааст.
Баъд аз соли 1993 аз кишвари Афғонистон ба кишвари Олмон паноҳанда гардид ва акнун дар шаҳри Колифи Олмон зиндагӣ мекунад. Инак, намунае аз ашъори шоир пешкаш мегардад.

ОСМОНИ ХОТИР

 Нақши қадат баробари шамшод мекашам,
Дар ҳар чаман ба ёди ту фарёд мекашам.
Ширинии каломи ту бетоқатам намуд,
Сарро ба хоки пои ту устод мекашам.
Дар интизори омаданат, эй баҳори ноз,
Шуд солҳо, ки нолаву фарёд мекашам.
Девонаи каломи ту гардида, Ҳофизо!
Аз дил хаёли рафтани Бағдод мекашам.
Охир магар зи ҷавру ҷафои замона боз
Мушти паре зи хонаи сайёд мекашам.
Имшаб хаёли ишқи туро ошиқона, боз
Бар осмони хотирам озод мекашам.
Ҷавру ҷафову нозу адоҳоят, эй санам,
Бо ин дили ситамкаши ношод мекашам.
Бишкастааст ҷавҳари оинаи дилам,
Аз бас ки теғу ханҷари ҷаллод мекашам.

Мухаммас бар ғазали Баҳодури Убайдуллоҳ

 Дилам, ҷонам, гулистонам, Самарқанд,
Зиёратгоҳи давронам, Самарқанд!
Туӣ хоки ниёгонам, Самарқанд,
«Фурӯғи нури чашмонам, Самарқанд,
Ҷилои субҳи ҷононам, Самарқанд!»
Баҳори гулшанат гулзор, гулзор,
Гули маҳпайкарат саршор, саршор!
Дар олам ошиқат бисёр, бисёр,
«Тавофат мекунам такрор, такрор,
Қарору Каъбаи ҷонам, Самарқанд!»
Чу Баҳодур дар айни ҷавонӣ,
Ғазалҳо сар кунам бо шодмонӣ,
Ба дур монӣ зи офоти замонӣ,
«Дар ин даҳри балоангези фонӣ,
Балогардони Инсонам, Самарқанд!»
Ба дашту кӯҳсорат нақш дорад,
Ба санги ҳар мазорат нақш дорад,
Ба пои ҳар чанорат нақш дорад,
«Ба ҳар хишти манорат нақш дорад,
Таманнои ниёгонам, Самарқанд!»
Тулӯъи Офтобат ҷовидон аст,
Ба васфат шеъри Ҷавҳар нотавон аст,
Ҳанӯзам домани бахтат ҷавон аст,
«Ҳазорон булбулонро достон аст,
Агар авсофи ту хонам, Самарқанд!»
Суханро ғарқи маъно карда гӯяд,
Дилаш ҳалли муаммо карда гӯяд,
Зи ганҷи Ҷавҳараш во карда гӯяд,
«Баҳодурат таманно карда гӯяд:
Ғуруру шавкату шонам, Самарқанд!».

Муҳаммад Наими ҶАВҲАР.