Ҳаёти ибратбахши қаҳрамон

Ҳаёти ибратбахши қаҳрамон

– Вазифа, мартаба барои ба худ бино монда, ба кибру ҳаво дода шудани инсон не, баръакс, имконияти бо амалҳои нек дар қалби дигарон барпо кардани чаманзорҳо мебошад. Ҳар роҳбаре, ки ба ин қоида амал карда, фаъолият пеш барад, ҳамеша дар назари халқ мешавад. Ман ҳам ба ҳоли қудрат меҳнат карда, чуноне ки ҳазрати Алишери Навоӣ гуфтаанд, дар байни халқ ҳастам, аз они халқам ва бо халқ якҷояам.

Ҳасан НОРМУРОДОВ.

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд.

ар воқеъ, ҳар як инсон аз қадамҳои бошууронаи аввалин дар зиндагӣ дар дили худ орзуе мепарварад. Одамони донишманд ва пурдида мегӯянд, ки ҳар як орзу дар қалби инсон аз нури ситораҳои дуру ноаёне пайдо мешавад ва барои амалӣ намудани ин орзуяш худ надонис­та сӯйи он ситора майл мекунад. Табиист, ки роҳи зиндагӣ равону ҳамвор нест. Он пасту баландиҳо, санҷишу имтиҳонҳо дорад. Мегӯянд, ки танҳо одамони аз онҳо сарбаландона гузашта, ба қуллаҳои баландтарини мурод мерасанд. Қуллаҳои орзу бошанд, беинтиҳоянд. Вақте ҳаёти одамони ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расидаро пеши назар меоред, чӣ қадар душвор будани ин роҳҳоро андаке бошад ҳам дарк менамоед. Аз қадамҳои аввалини сӯи орзу гузошта онҳоро эҳсос мекунед.
Ҳаёти ибратбахши устод Ҳасан Норбекович Нормуродов – раиси шӯъбаи вилоятии Хазинаи дастгирии иҷтимоии собиқадорони «Нуронӣ»-и Ӯзбекистон аз санҷишу имтиҳонҳо холӣ набуд.
Баъд аз оғози ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, ки тамоми дунё ноором буд, 16-уми ноябри соли 1939 дар оилаи деҳқони оддии ноҳияи Каттақӯрғон Нормуродота дугоникҳо – Ҳасан ва Зӯҳро ба дунё омаданд. Аммо хурсандии ин оила дер давом накард ва ҳанӯз чиллаи тифлакон набаромада, рӯзи бистуми таваллуди онҳо Нормуродота ногаҳон аз хурӯҷи дил ҷон ба ҷонофарин дод. Ин санҷиши қисмат ба сари оилаи онҳо рӯзҳои сахт овард. Волидаи мӯҳтарама Мисқол ая бо шаш нафар фарзанд: се писару се духтар танҳо монд. Баъд аз чанд рӯзи вафоти падар Зӯҳро низ аз олам чашм пӯшид.
Ҳасани хурдсол азобу машаққатҳои даври ҷангу баъди онро аз сар гузаронида, аллакай дар 9-10-солагӣ ба қатори бародарони худ меҳнат мекард. Бо вуҷуди кору ташвиши зиёд ба китобхонӣ меҳри беандоза пайдо намуд. Бар иловаи китобхонаи мактаб узви фаъоли китобхонаи шаҳри Каттақӯрғон низ гардид. Баъд аз хатми мактаб дар омӯзишгоҳи педагогии Каттақӯрғон таҳсил намуда, онро бо баҳои аъло хатм кард ва дар 17-солагӣ фаъолияти омӯзгориро оғоз намуд. Баъди бемории вазнин соли 1957 модари меҳрубони ӯ низ аз олам чашм пӯшид.
Соли 1958 Ҳасан Нормуродовро ба хизмати ҳарбии хатмӣ даъват карданд. Хизмат дар ҷумҳурии Украина гузашт. Дар ин ҷо саводнокии ӯ диққати командиронро ба худ ҷалб намуд ва ӯро барои кор ба штаб интихоб карданд. Ҳамин тавр, ӯ ба омӯзиши пурраи забони русӣ ҷиддӣ машғул гардида, онро хуб аз худ намуд. Ниҳоят, баҳори соли 1961, баъд аз хизмати сесолаи намунавии аскарӣ, бо унвони лейтенант ба Каттақӯрғон баргашт ва ҳамон сол ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд. Таҳсилро бо баҳои аъло ба итмом расонида, дар мавзӯи шоирони мумтози каттақӯрғонӣ кори дипломӣ навишт. Он ба баҳои баланди ҳайати комиссияи имтиҳонӣ сазовор шуд ва ӯро ба аспирантура тавсия намуданд. Аммо вай аҳволи моддии худро ба назар гирифта, кори илмиро рад намуд.
Ҳасан Норбекович кори омӯзгориро дар мактаби миёнаи рақами 3-и шаҳри Каттақӯрғон оғоз кард ва бо меҳнати худ ба ҳурмат ва эътибори мардум сазовор гардид. Соли 1963 ӯро роҳнамои Кумитаи ҷавонон таъин намуданд. Дере нагузаш­та ходими ҷавону серғайрат ба вазифаи мудири шӯъба ноил гардид. Ҳасан Нормуродов, ки дар бистрӯзагӣ аз падар маҳрум гардида, заҳмату машаққатҳои 25-соларо аз сар гузаронида буд, соли 1965 ба саҳнаи сиёсат ворид шуд ва дар лавозими мудири шӯъбаи кумитаи ташкилии ҳизби яккаҳукмрони ҳамондавра кор кард. Сипас, болоравии ӯ дар лавозими гуногун суръат гирифт. Муаллими дирӯза ба роҳбари пешқадам табдил ёфт. Инспектори кумитаи ҳизби вилояти Самарқанд, котиби дуввуми кумитаи ҳизби ноҳияи Ҷомбой, мудири шӯъбаи кумитаи ҳизби вилоят шуда кор кард. Дар он давр низ кор дар чунин лавозим интизом, намунаи шахсӣ дар ҳар кор, ҳалолӣ, покӣ, ростӣ, тозагӣ, маданият барин хислатҳоро талаб мекард ва ҳамаи ин хислатҳо дар ӯ муҷассам буданд. Ҳасан Нормуродов 1978 котиби мафкуравии кумитаи вилояти Самарқанд интихоб гардид ва баробари иҷрои вазифа Академияи фанҳои иҷтимоии назди Кумитаи марказии ҳизбро дар шаҳри Москва бо дипломи имтиёзнок хатм намуд. Солҳои 1985-1988 бошад, дар вазифаи котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Нарпай фаъолият намуд.
Соли 1988 Ҳасан Нормуродов дар вазифаи сардори Садорати таълими халқи кумитаи иҷроияи Шӯрои вилоят ба кор сар кард ва аз он хурсанд буд, ки ба касби худ баргашт, зеро хуб медонист, ки таълиму тарбия тақдири мамлакатро ҳал мекунад. Соли 1989 Ислом Каримов ба сифати роҳбари мамлакат фаъолият оғоз намуд. Маълум аст, ки фидоиёни фан ва таълим, ки корашон мисли кандани чоҳ бо сӯзан мебошад, доимо ба ҳимоя мӯҳтоҷанд. Аз ин рӯ, ходимони соҳаро соли 1995 ба вазифаи раиси кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи ходимони таълими халқ ва фан тасдиқ шудани Ҳ. Нормуродов шод намуд. Ӯ аз сидқи дил барои дастгирии вакилони соҳа пардохт.
Ин инсони олиҳиммат, ки осудагиву фароғатро намедонад, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз манфиати худ боло мегузорад, ғаму ташвиши халқро аз они худ медонад, аз соли 2003 ин ҷониб ҳамчун раиси Хазинаи «Нуронӣ» фаъолият дорад ва ҳамоно дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоят фаъол иштирок мекунад. Солҳо боз ба сифати депутати шӯрои вилоят ба депутатҳои ҷавон намунаи ибрат шуда, корҳои наҷибро иҷро менамояд. Ҳамчун раиси комиссияи интихоботии вилоят доир ба гузаронидани интихоботи Шӯрои маҳаллӣ, дар интихоботи Президент ду маротиба вакили боэътимод шуда иштирок карда, дар қалби самарқандиён ҷой гирифт. Хусусан, соҳиби масъулияти баланд ва бошарафи Вакили боэътимод дар интихоботи Президентии соли 2015 ба номзад Ислом Каримов, дар интихоботи Президентии соли 2016 ба номзад Шавкат Мирзиёев гардида, сазовори боварии номзадҳо шуд.
– Дар бораи Ҳасан Нормуродов аввал тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ маълумот гирифта будам. Баъди оғози фаъолиятам дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» бо ин марди хирад шинос шудан насибам шуд, – гуфт собиқадори таҳририят Тошқул Азимзода. – Таърих гувоҳ аст. Дар байни олимон, варзишгарон, сиёсатмадорон ва намояндагони дигар соҳаҳо шахсоне, ки ба зинаҳои баланди вазифа расида, ё ки унвону мукофотҳои баланд гирифта тағйир ёфтаанд, ё ки худашонро андаке «гум» кардаанд, низ буданд.
Ман қариб сӣ сол боз устод Ҳасан Норбековичро мешиносам ва бемуҳобот гуфта метавонам, ки муносибати вай бо атрофиён дар байни ин солҳо тағйир наёфтааст. Вай бо хурду калон, одами оддиву соҳибмансаб ҳурматашро ба ҷо оварда муносибат мекунад. Эҳтироми вай ба намояндагони миллат ва динҳои гуногун тафовуте надорад. Устод ҳамеша тарафдори дӯстии халқҳо буд. Аз рӯзҳои аввали ташкили рӯзномаи «Овози Самарқанд» онро ҳамеша дастгирӣ мекард барои беҳдошти фаъолияти он маслиҳатҳои худро дареғ намедошт. Дар воқеъ, ҳамаи онҳое, ки дурандешу байналмилалчӣ буданду ҷаҳонбинии васеъ доштанд ва ташкили рӯзномаро хуш қабул карданд, бо гузашти солҳо сазовори ҳурмату эҳтиром ва мукофоту унвонҳои баланди давлатӣ шуданд.
Илоҳо, Худованд ба устод Ҳасан Норбекович умри саъдиёна дода бошад. Ман боварӣ дорам, ки дар оянда низ устод пайваста зинаҳои баландтари комилиро фатҳ мекунад.
Нурониён таҳти роҳбарии ӯ сиёсати халқпарваронаи роҳбари давлатамонро маъқул карда, ба бисёр ташаббусҳои наҷиб сарварӣ намуданд. Баргузории тадбирҳои «Як нуронӣ ҳомии маънавии даҳ оила», «Маърифати нурониён ба маънавияти ҷавонон», «Маънавияти нурониён ба тараққиёти деҳот» аз он ҷумлаанд.
Ин фарзанди дӯстдоштаи халқ дар масъалаи оилавӣ низ намунаи дигарон аст. Бо ҳамсари худ шодравон Зӯҳро ая оила барпо намуда, чаҳор фарзанд – ду писар ва ду духтарро ба воя расониданд. Муҳити оила, озодагиву маданияти он ҳар бинандаро лол менамояд.
Ҳасан Нормуродов ба дарёе монанд аст, ки бо ҷӯшу хурӯш ҷорӣ мегардад. Ӯ мамнун аст, ки роҳбари давлатамон ба авлоди куҳансол ғамхорӣ менамояд ва аз он шукрона менамояд, ки барои кор кардани нафақахӯрон тамоми шароит муҳайёст. Ӯ қариб 70 соли умри ҳаштодсолаашро бо меҳнати ҳалол ба хизмати халқ сарф намуд. Сазовори унвони Аълочии маорифи халқ, орденҳои бонуфузе аз қабили «Дӯстлик», «Меҳнат шуҳрати», «Эл-­юрт ҳурмати», академики фахрии Академияи фанҳои Турон шуд.
Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон 28-уми августи соли 2019 се нафар ҳамдиёрамон сазовори унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон» ва медали олии «Олтин юлдуз» гардиданд, ки дар байни онҳо Ҳасан Нормуродов ҳам буд.
Ҳеҷ кас қисмати инсонро пешгӯӣ карда наметавонад. Хурдсолии Ҳасан Нормуродов ба солҳои душвори ҷанг ва гуруснагиву қаҳтии баъди ҷангӣ, ки сабру тоқат ва меҳру оқибати инсонро аз санҷиш гузаронд, рост омад. Ҳамон давр ва ранҷу заҳматҳои он барои Ҳасан Норбекович вазифаи бузурги мактаби зиндагиро иҷро кардаанд. Муҳаббат ба ҳаёт, садоқат ба падару модар, диёр ва Ватан, ки хоси Ҳасан Нормуродов аст, аз хурдӣ қатра ба қатра зиёд шуда, ба наҳри серобе табдил ёфтааст.
Ҳоло устод баҳори ҳаштодуми умрашро пешвоз мегирад ва дар роҳи равнақи диёр, тараққиёти Ватан ва фаровонии халқ самаранок, аз ҳар рӯзи зиндагиаш завқ бурда умр ба сар мебарад.

Акбар МАҲМУДОВ,
Баҳодур РАҲМОНОВ
.