Қарори комиссияи вилоятии интихобот

Қарори комиссияи вилоятии интихобот

Дар бораи ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба депутатӣ дар даври маъракаи интихобот ба Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд

Комиссияи вилоятии интихобот бо мақсади фароҳам овардани имконият ва шароитҳои баробар ба ҳизбҳои сиёсӣ ва депутатҳое, ки дар интихобот ба Шӯрои вилоят иштирок мекунанд, дар асоси қарори Комиссияи Марказии интихобот аз 12-уми ноябри соли 2019 «Дар хусуси ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатӣ, ки дар интихобот ба Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» иштирок мекунанд, инчунин моддаҳои 19, 44 ва 48-уми Кодекси интихоботи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон қарор мекунад:

  1. Барои маълумот ва иҷро қабул карда шавад, ки ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатӣ дар интихобот ба депутатии Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Шӯроҳои намояндагони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо бар асоси қарори Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 12-уми ноябри соли 2019 таҳти рақами 977 аз соати 06:00-и 18-уми ноябри соли 2019 оғоз меёбад.

2. Дар даври ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизб­ҳои сиёсие, ки дар интихоботҳо иштирок мекунанд, ҳаҷм ва вақти баромади бемузди онҳо дар каналҳои телевизионӣ ва шунавониданҳои радиои телерадиокомпанияи вилоят мувофиқи иловаи 1-ум;
майдони нашре, ки дар рӯзномаҳои «Зарафшон», «Самаркандский вестник» ва «Овози Самарқанд» бемузд ҷудо карда мешаванд, мувофиқи иловаи 2-юм тасдиқ карда шаванд.

3. Баромади вакилони сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатӣ дар даври ташвиқоти пешазинтихоботӣ дар воситаҳои ахбори оммавӣ бо тартиби зерин амалӣ карда шаванд:
якӯм – Ҳаракати тадбиркорон ва соҳибкорон – Ҳизби либерал-­демократии Ӯзбекистон;
дуюм – Ҳизби сотсиал-­демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон;
саввум – Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон;
чорӯм – Ҳизби халқӣ-­демократии Ӯзбекистон;
панҷӯм – Ҳизби экологии Ӯзбекистон.

4. Муқаррар карда шавад:
ҳизбҳои сиёсӣ вақти эфир ва шунавониданҳое, ки бемузд ҷудо карда мешаванд, навъ, шакл ва усулҳои истифода аз майдони нашрро мустақилона муайян мекунанд;
ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатӣ ҳақ доранд, ки аз вақти бемузди барои эфир ва шунавониданҳо, майдон барои чоп ҷудокарда, рӯ гардонанд.

5. Таҳририятҳои телерадиокомпанияи вилоятӣ, рӯзномаҳои «Зарафшон», «Самаркандский вестник» ва «Овози Самарқанд»:
барои баромади вакилони ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатӣ дар доираи ташвиқоти пешазинтихоботӣ шарту шароити зарурӣ фароҳам оранд;
маводи ташвиқотии пешазинтихоботи будани маводи ташвиқотии пешазинтихоботиеро, ки дар доираи вақти эфир ва шунавониданҳо расонида, майдони нашри бемузд чоп карда мешаванд, қайд кунанд.

6. Барои маълумот қабул карда шавад, ки бар асоси моддаи 46-уми Кодекси интихобот ба ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатӣ ба ивази ҳақ вақти эфир ё ки майдони нашр ҷудо кардан мумкин аст.
Қайд карда шавад, ки воситаҳои ахбори оммавӣ ҳангоми ба ҳизби сиёсӣ ё ки номзад ба депутатӣ бар асоси додани ҳақ ҷудо кардани вақти эфир ё ки майдони чоп вазифадоранд, ки дар ин бора ба ҳизбҳои сиёсии дигар ва номзадҳо ба депутатие, ки аз ҳавзаҳои интихоботии дахлдор пешниҳод карда шудаанд, барои ба онҳо бо шартҳои баробар ва як хел ҷудо кардани вақти эфир ва майдони чоп тайёр буданашонро ифода карда, хабар диҳанд.

7. Воситаҳои ахбори оммавӣ:
барои ҳамаи номзадҳо ба депутатӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ шартҳои барои вақти эфир ва майдони нашр додани ҳаққи баробару якхела ва талабҳои дигарашонро таъмин кунанд;
дар барномаҳои ахбор ва дастурҳои ахбории дигар ҳангоми равшан намудани тадбирҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатӣ шароитҳои баробар фароҳам оваранд, аз ҷумла аз рӯйи давомнокӣ ва ҳаҷм, ҳангоми ба эфир додани маводи ахборӣ ва чоп кардани онҳо бештар ба якҷоя додани онҳо эътибор диҳанд;
дар равшан намудани рафти ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба низом дар бораи бурдани ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Шӯроҳои намояндагони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо, ки бо қарори Комиссияи Марказии интихобот аз 5-уми октябри соли 2019 таҳти рақами 950 тасдиқ шудааст, амал кунанд.

8. Садорати вилоятии Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон:
гузарондани мониторинги бефосилаи дар шабакаҳои телекоммуникатсионии истифодаи умумӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла веб-­сайтҳо риоя кардан ба талаботи қонунмандӣ ва қарори мазкурро таъмин кунад;
ҳар ҳафта натиҷаҳои мониторинги фаъолияти байни ташвиқоти пешазинтихоботии воситаҳои ахбори оммавиро ба комиссияи вилоятии интихобот тақдим намояд.

9. Ба комиссияҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот тавсия карда шавад, ки то 18-уми ноябри соли 2019 бо органҳои ҳудудии ҳизбҳои сиёсӣ доир ба интихобот ба Шӯроҳои намояндагони шаҳр ва ноҳияҳо созиш карда, бо мақсади гузарондани ташвиқоти пешазинтихоботӣ ҳаҷм ва вақти аз воситаҳои ахбори оммавӣ истифода бурдани ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатиро муайян кунанд.

10. Пешниҳоди ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳоро барои мувофиқи иловаи 3-юм бемузд ҷудо кардани воситаҳои рекламаи беруна ва мониторингҳои электронӣ маъқул карда шавад.
Комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботие, ки ба Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Шӯрои намояндагони халқи вилоят интихоботи депутатҳоро мегузаронанд, дар ҳамкорӣ бо идораҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷойҳое, ки воситаҳои рекламаи беруна гузошта мешаванд, муайян кунанд ва онҳоро барои ҷойгир кардани ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ ба таври баробар тақдим намоянд.

11. Ба ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳо тавсия карда шавад, ки дар даври ташвиқоти пешазинтихоботии комиссияҳои интихоботии участкаҳо дар ҳудуди участкаи интихоботӣ забонеро, ки аксарияти аҳолӣ ҳарф мезананд, ба инобат гирифта, чораҳои бо рӯзномаҳои «Зарафшон», «Самаркандский вестник» ва «Овози Самарқанд» таъмин карданро бинанд.

12. Садоратҳои корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ дар вақти гузарондани тадбирҳои ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсию номзадҳо ба депутатӣ ва вохӯриҳо бо интихобкунандагон чораҳои ҳифзи тартиботи ҷамоатӣ ва таъмини бехатариро амалӣ намоянд.

13. Органҳои давлатӣ ва идораҳои хоҷагӣ, органҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамоатӣ ва органҳои худидораи шаҳрвандон барои гузарондани вохӯриҳо бо интихобкунандагон ба ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатӣ тақдими хонаҳоро бо шарти баробарии ҷиҳозҳо бемузд таъмин кунанд ва дар гирифтани маълумот ва маводи ахбори зарурӣ ёрӣ расонанд.

14. Барои маълумот қабул карда шавад, ки дар Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои вайрон кардани шарт ва тартиботи ташвиқоти пешазинтихоботӣ, паҳн кардани маълумоти дурӯғ дар хусуси номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, қасддан нест кардани маводҳои ташвиқотӣ ва ахбор дар бораи дидани тайёрӣ ба интихобот ва гузарондани он ё ки ба онҳо қасддан шикаст расондан, вайрон кардани чоп (эълон)-и натиҷаҳои раъйпурсии ҷамоатӣ ва тахминии интихобот чораҳои ҷавобгарӣ муайян карда шудааст.

15. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ҷонишини раиси комиссияи вилоятии интихобот Р. Юлдошев гузошта шавад.

Раиси комиссияи
вилоятии интихобот С.НУРИЕВ

Шаҳри Самарқанд,
16-уми ноябри соли 2019
(Бо иловаҳои қарори комиссияи вилоятии интихобот дар сайтҳои zarnews.uz ва ovozisamarqand.uz шинос шуданатон мумкин аст).