Ба вайронкунандагони қоида чора дида шавад!

Ба вайронкунандагони қоида чора дида шавад!

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузаш­та бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ва Шӯрои вилоятии Бунёди ҷамоатӣ-­хайриявии «Маҳалла» бо ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Гӯри Амири шаҳри Самарқанд вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар он мухбири ҷамоатии рӯзномаи «Овози Самарқанд» Толиб Юнусзода оиди маданият, маърифат, тартибу интизоми хонандагони мактаб, урфу одат, арзишҳои миллӣ, мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиву меъёрӣ, мавқеи онҳо дар такмили дониши ҳуқуқӣ, ривоҷи мамлакат ва фаровонии ҳаёти мардум ҳарф зада, таъкид намуд, ки робитаи маҳаллаву матбуотро бояд ба роҳ монд.
– Солҳои охир фикру хаёли мо аксаран бо гузаронидани тӯйҳо банд шуда монд. Ин натиҷаи аз маърифат дур будан, китоб нахондану мутолиа накардани рӯзнома аст. Ҳол он ки барои соҳибмаълумот шудани фарзанди худ кӯшиш кунем, худ аз пайи молу давлат метозем. Барои маъракаҳои пурдабдаба солҳо дар хориҷа барои ёфтани пул меҳнат мекунем ва дар як лаҳза онро ба бод медиҳем, – гуфт Т. Юнусзода дар аснои суханронӣ.
Дар рафти вохӯрӣ иштирокдорон бо таклифу мулоҳиза ва саволҳои аз рӯйи муаммоҳои мавҷуда ибрози фикр намуданд.
Дар маҳаллаи мазкур беш аз 660 оила ва зиёда аз 2600 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд ва 1 муасисаи таълими томактабӣ, 1 корхонаи истеҳсолӣ, 8 корхонаи оилавӣ, 2 шохобчаи хизматрасонии маишӣ мавҷуд аст.


Ҳамон рӯз дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ғафур Ғуломи шаҳр низ вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он кормандони рӯзномаи «Овози Самарқанд», шоир Салим Кенҷа, фаъолони маҳалла иштирок карданд.
Вохӯрӣ бо суханҳои ифтитоҳии раиси маҳалла О. Ғафуров оғоз гардид.
Пас аз он, Т. Юнусзода ва дигарон оиди таълиму тарбия, ба роҳ мондани иҷрои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки ба қарибӣ аз ҷониби Маҷлиси Олӣ бобати ба тартиб овардани маъракаҳо қабул гардидааст, суханронӣ намуда, аз муаммову камбудиҳои мардум пурсон шуданд.
– Касе, ки ягон маърака мекунад, бояд бо раиси маҳалла маслиҳат кунад. Агар қоидаро вайрон кунад, албатта чора дида шавад. Агар чора дида нашавад дигарон ҳам такор мекунанд. Мо тарафдори камхарҷ гузаронидани тӯйҳо. Муҳимаш ҷавонон хушбахт шаванд. Маблағи боқимондаро ба камбудиҳояшон сарф кунанд беҳтар аст. Чунки ҳамаи муаммоҳо аз норасоӣ мебарояд, – гуфт сокини маҳалла Зебо Нурмуҳаммедова.
– Барои ба тартиб овардани тӯю маракаҳо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ тасдиқ шуданд, – иброз дошт фаъоли маҳалла Фахрибобо Ҳамидов. – Ва мо бояд барои иҷрои он корро аз худамон сар кунем ва ба дигарон намуна шавем. Замоне мо агар тӯй карданӣ шавем, аз маҳалла аз рӯйхат мегузаштем ва ба навбат меистодем. Аз рӯйи маслиҳати раиси маҳалла амал мекардем. Имрӯзҳо ки маъракаҳо, аксаран дар тарабхона мегузаранд, тартиби ба даъватнома дароварданро бо роҳ монанд, хеле хуб мешуд.

Ҳошимҷон ҚУЧҚОРОВ.