Самаранокии фаъолият – мизони асосии ҲЛДӮз

Самаранокии фаъолият – мизони асосии ҲЛДӮз

Ҳар як рӯзи гузашта моро ба интихоботе, ки ба Палатаи қонунгузорӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ баргузор мегардад, торафт наздик мекунад. Аз ҳоло аён аст, ки мубориза дар ҷараёнҳои сиёсии оянда барои дар парламент ва органҳои намояндагии маҳаллӣ соҳиби ҷойҳои депутатии бештар шудан аз ҳарвақта пуршиддат ва бемуросо мешавад. Аз ҳамин сабаб кумитаи иҷроияи Шӯрои сиёсии Ҳизби либерал-­демократии Ӯзбекистон (ҲЛДӮз – O’zLiDeP) лоиҳаи барномаи пешазинтихоботии ҳизбро саривақт таҳия намуд, электорат онро муҳокима ва анҷумани IX ҳизб, ки ба қарибӣ барпо гашт, тасдиқ кард.
Вақте ки дар бораи интихобот ҳарф мезанем, бояд таъкид кард, ки ҲЛДӮз дар давоми фаъолияти худ 3 маротиба дар интихобот ба Парламент ва шӯроҳои маҳаллӣ, инчунин 3 маротиба дар интихоботи Президент иштирок карда, дар онҳо муносибати мусбии халқамон ба ғоя ва барномаҳои ҳизб ва ҳамаи номзадҳоямон намоён гардид.
ҲЛДӮз дар интихоботи имсола бо ғояи «Давлат ҳам, ислоҳотҳо ҳам аввало ба инсонҳо бояд хизмат кунад» ба миён мебарояд. Манфиати инсон, ҳуқуқҳои он пеш аз ҳама дар шароити озодӣ амалӣ мешавад. Озодӣ, тараққиёти озодона саромили рӯёб шудани салоҳият ва имкониятҳои бисёри инсон мебошад.
ҲЛДӮз аз ҳисоби вакилони элокторати худ шумораи аъзои ҳизбро пайваста васеъ карда, дар қатори соҳаҳои дигар дар сафи худ вакилони электорати ҳизбро боз ҳам бештар муттаҳид мекунад.
Агар дар ҳолати 1-уми январи соли 2015-ум шумораи ташкилотҳои ибтидоии шӯрои вилоятии ҳизб 976-то ва аъзои ҳизб 24500 нафар бошанд, дар даври ҳозираи соли 2019 ин нишондиҳандаҳо мутобиқан 1236-то ва 100267 нафарро ташкил карданд. Ин бошад, далолат медиҳад, ки барнома ва ғояҳои ҳизб, лоиҳаҳое, ки дар байни гурӯҳҳои васеи аҳолӣ амалӣ шуда, ба аксарият маъқул мешаванд, аз тарафи ҳамдиёронамон хуш қабул карда мешаванд.
Гурӯҳҳои депутатии ҳизби мо дар шӯроҳои маҳаллӣ аксариятро ташкил карда, онҳо дар давоми панҷ сол ба роҳбарони ташкилот ва идораҳои дахлдор 4673-то дархости депутатӣ фиристоданд, 10-то масъала бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ба миён гузошта шуда, дар гурӯҳҳои депутатӣ ташкил карда шудани муҳокимаҳо ва ба муҳокимаи сессияҳои шӯроҳои маҳаллӣ гузошта шудани 94-то масъала, дар асоси талаботи интихобкунандагон 973 маротиба шунида шудани ҳисоботи шахсони мансабдорро тасдиқи фаъолияти депутатӣ дар рақамҳо гуфтан мумкин аст.
Натиҷаҳои ба даст овардаи ҲСДӮз-ро дар самтҳои гуногуни фаъолияти худ аз таҳлилҳои зерин фаҳмидан мумкин аст. ҲЛДӮз дар ҳамкорӣ бо сохторҳои бизнес ва фермерҳо ба 336 нафар соҳибкор, ки ба соҳаи тадбиркорӣ қадамҳои аввалин мегузоранд ё ки машғули тадбиркорӣ шуда, вазъи иқтисодии худро беҳтар карданианд, бар асоси лоиҳаи шӯроҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб – «Оилаи мулкдор» барои аз бонкҳои тиҷоратӣ гирифтани 673 млн 410 ҳазор сӯмина кредити имтиёзнок ёрӣ расонд. Дар натиҷа 746-то ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.
Дар доираи лоиҳаи «Форуми тадбиркорон ва фермерон» дар мавзӯи «Беҳдошти муҳити соҳибкорӣ дар мамлакат – асоси инкишофи иқтисодиёт ва таъмини фаровонии халқ» тадбир гузарондашуда, муаммоҳои қариб 200 субъектҳои тадбиркорӣ дар ҷояш ҳал гардид. Танҳо дар ноҳияи Самарқанд 15 субъекти тадбиркорӣ, ки бо сабабҳои гуногун фаъолият намебурданд, фаъолияташонро аз нав ба роҳ монданд.
Дар бораи боз як самти муҳим, ки аз манфиати ҷавонони мамлакатамон бармеояд, баъзе рақамҳоро меорем. Шӯрои вилоятии ҲЛДӮз дар ин самт бо иҷрои лоиҳаҳои «Талабаи соҳибкор», «Ҷойи ман дар парламент», «Агар ман депутат бошам», «Ба бизнес – бо диплом», «Фермери оянда», «Олим ва тадқиқотчиёни ҷавон», «Рӯзи ҷавонон дар ҲЛДӮз», «Китобхонаҳои ҲЛДӮз», «Фидоиёни истиқлол», «Сардорони ҷавони ҳизб – кадрҳои оянда», «Фермери ҷавон», «Инноватсиячии ҷавон» ва «Интернати бехавф», ки дар онҳо беш аз 40000 нафар ҷавонон иштирок карданд, ба онҳо дар гирифтани донишҳои сиёсӣ-­иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ-­иқтисодӣ ва таҷриба ёрӣ расонд.
Дар барномаи ҳизб, инчунин фаъолияти пеш­азинтихоботии он ба зан-­духтарон эътибори алоҳида дода шудааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси гурӯҳи «Боли занон» дар маҳаллаҳои вилоят дар солҳои 2015-2019 бо иштироки ташкилотҳои ҳамкор 1687-то тадбирҳои сиёсӣ ва маънавӣ-­маърифатӣ гузаронда шуда, дар онҳо 115992 нафар зан-­духтарон иштирок карданд.
Дар ҷамъияти мо манфиатҳои зан-­духтарон, дастгирии ҳарҷонибаи онҳо ба дараҷаи сиёсати давлатӣ баробар карда шудааст. Бинобар ин дар лоиҳаҳое, ки бар асоси барномаи ҳизби мо амалӣ мегарданд, ба дастгирии хоҳарони мунису мӯҳтарамаамон эътибори алоҳида дода мешавад. Ба ин мақсад «Боли занон»-и ҳизб 6-то лоиҳаи калонро амалӣ кард. «Аз тадбиркории оилавӣ ба оилаи мустаҳкам», «Оилаи сиҳат – оилаи мустаҳкам», «Бонувони фермер», «Оилаи фаровон», «Зани бунёдкор» ва озмуни «Бонувони соҳибкор» аз ҷумлаи онҳост.
Дар натиҷаи чунин эътибори ҳизб ба зан-­духтарон шумораи занҳое, ки аъзои ҳизби мо ҳастанд, аз 8083 нафари соли 2015 дар ҷамъбасти 9 моҳи соли 2019 ба 49731 нафар расид.
Ин бошад, дар навбати худ дар назди сохторҳои ҲЛДӮз ва корпуси депутатҳои он доир ба иштироки самаранок ва муносиби ҳизб дар ин интихоботҳо як қатор вазифаҳо гузошт.
Мо роҳи ислоҳотҳои васеъмиқёси Стратегияи ҳаракатҳоро, ки бо ташаббуси Президентамон қабул карда шуд, пайваста ва бо қатъият давом медиҳем. Сохтмони давлати озод, демократӣ ва инсонпарвар, шаклгирии ҷамъияти шаҳрвандӣ, баланд бардоштани салоҳияти иқтисодии Ватанамон ва боз ҳам равнақ додани онро ҳамчун дастуруламали асосии худ муайян кардаем.
Самти якум:
– дар оянда пайваста гузаштан ба сохтори пропорсионалии интихобот, ривоҷдиҳии консепсияҳои «Парламенти электронӣ» ва «Шӯрои намояндагони халқи электронӣ»;
– васеъ кардани механизмҳои иқтисоди бозории идора кардан, пайваста амалӣ намудани консепсияи «Ҳукумати электронӣ»;
– дар шароити шаклгирии «ҷамъияти рақамӣ ва ахбор» барқарории идораи давлат ва ҷамъият, дар байни идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дигар фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи шарикии давлат – хусусӣ;
Самти дуюм:
– барои дар амал таъмин кардани мустақилияти судҳо – оптималӣ кардани ваколатҳои зиёдатии дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, бо роҳи муттаҳид намудани судҳо дар миқёси вилоят гузаштан ба идораи раиси ягонаи суд;
– тамоман дасткашӣ аз дахолат ба соҳаи адвокатура, бекор кардани талабот доир ба муддати таҷрибаомӯзӣ барои гирифтани мақоми адвокат;
– васеъ ба роҳ мондани нотариати нодавлатӣ, пурра халос шудан аз нигоҳ ва сохтори «квота» ном кӯҳнае, ки ҳаётӣ будани худро нишон надод, васеъ кардани фаъолияти нотариалие, ки аз масофа истода, дар намуди хизмати интерактив – электронӣ расонда мешаванд;
– зиёд кардани муассисаҳои таълими олии юридикӣ.
Самти саввӯм:
– пурра инвентаризатсия ва унификатсия кардани қонун ва ҳуҷҷатҳои зерқонунӣ доир ба тадбиркорӣ, инчунин таҳияи кодекси тадбиркорӣ;
– аз рӯйи индексҳои «пешбурди бизнес», «рақобатбардоштии глобалӣ», «инноватсияҳо ва рақобатбардоштии саноат» дар қатори 50 мамлакати пешсафи дунё ҷой гирифтани Ӯзбекистонро таъмин кардан, то соли 2030 дар иқтисодиёт ду баробар зиёд шудани ҳиссаи саноат;
– унификатсия кардани қариб 10-то қонуни ба фаъолияти инвеститсионӣ дахлдор, таҳияи лоиҳаи кодекси ягонаи инвеститсия;
– инкишофи кластерҳои хоҷагии қишлоқ, хоҷагиҳои фермерии бисёрсоҳавӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ («ҳабҳои хоҷагии қишлоқ») доир ба ҳифз, коркард, бо нақлиёт кашондан ва фурӯш (содирот)-и маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, инчунин таҳияи қонун «Дар бораи фаъолияти кластерҳо»;
– ба ҳаёт пайваста татбиқ кардани ғояи «ҳар як оила – тадбиркор», дар ҷамъият шаклдиҳии маданияти тадбиркории фаъол, ташкил кардани «Академияи тадбиркорон» ва марказҳои консалтинг барои ҷавононе, ки ба ин соҳа шавқ доранд;
– ба фикри мо вақти таҳияи стратегияи ривоҷдиҳии соҳаи хизматрасонӣ дар ҷумҳурият барои солҳои 2020-2025 омад ва ба рӯзнома масъалаи ба ҳаёт татбиқ намудани онро гузоштанием;
Самти чорӯм:
– таҳияи чораҳои комплексӣ доир ба ташкили ҷойҳои нави корӣ бо ривоҷ додани тадбиркории занҳо ва ҷавонон;
– пайваста давом додани сиёсати давлатӣ доир ба ҷавонон;
– сафарбар кардани ҳамаи қувва ва имкониятҳо барои мустақилона фикр карданро омӯхтан, соҳиби зеҳн (интеллект)-и баланд ва салоҳияти маънавӣ шуда ва дар миқёси дунё аз ҳамсолонашон дар ҳеҷ соҳа суст наомада, ба камол расидани ҷавононамон;
– ба мавқеҳои пешқадами дунё баровардани сохтори тандурустӣ, зиёд кардани капитали инноватсионӣ ва кадрҳои он, беҳдошти сифати хизматрасонии тиббӣ дар асоси тамоюлҳои шарикии давлат – хусусӣ;
– дар панҷсолаи оянда васеъ кардани шабакаи муассисаҳои таълими томактабии хусусӣ, боз ҳам ривоҷ додани таълими хусусии профессионалӣ, дар назди худ мақсад гузоштаем, ки консепсияи «тамоми умр таълим гирифтан»-ро.
Самти панҷӯм:
– пеш бурдани сиёсати мубориза бар зидди экстремизми диниро, пеш аз ҳама бар асоси ба ҳаёт пайваста татбиқ кардани тамоилҳои «Бо маърифат – бар зидди ҷаҳолат», «Маърифат ва таълим – роҳи тинҷӣ ва бунёдкорӣ» дастгирӣ мекунем;
– муҳити дӯстии байни беш аз 130 миллат ва қавм, ҳурмат ва меҳру оқибати байни шаҳрвандонро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем;
– дар диёрамон кафолати ба озодии виҷдон ва эътиқод, ҳуқуқи баробари вакилони миллатҳои гуногун дода, муҳити фарохдилии диниро мустаҳкам мекунем;
– дар ҷамъиятамон боз ҳам пурзӯр кардани дӯстӣ ва ҳамҷиҳатӣ, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, динӣ ва эътиқодӣ, таъмин кардани баробарҳуқуқӣ барои ҳамаи шаҳрвандон доимо дар маркази эътиборамон мешавад.
Хулоса, барои амалиёти пешазинтихоботии ҲЛДӮз суханҳои неки «Мақсадамон равшан ва роҳҳои муайяни ба он расиданро медонем», «Халқ бой шавад, давлат ҳам бой ва боқудрат мешавад»-ро бесабаб шиор интихоб накардаем. Ҳамаи ин, барои муттаҳид кардани ҳар яки мо дар роҳи асосии мақсад хизмат мекунад.

Илҳом БОТИРОВ,
ҷонишини якуми Шӯрои вилоятии ҲЛДӮз, роҳбари маъмурият
.