Мақсадгузории амиқу дуруст – асоси натиҷаҳои боваринок

Мақсадгузории амиқу дуруст – асоси натиҷаҳои боваринок

Дар мамлакат корҳои омодагӣ ба ҷараёни муҳими сиёсӣ – интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Шӯроҳои маҳаллӣ дар авҷ аст. Зери шиори «Ӯзбекистони нав – интихоботи нав» гузаронида шудани маъракаи интихобот аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Дар таҳияи нави Кодекси интихоботи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои депутатӣ танҳо аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод гардидани номзадҳо муқаррар карда шудааст. Якҷоя бо фароҳамоварии ҳуқуқ ва имкониятҳои васеъ ба ҳизбҳо, ба ӯҳдаи онҳо масъулияти калонро низ вомегузоранд. Интихоботи Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллии намояндагони халқ дар ҳаёти мамлакат воқеаи муҳими сиёсӣ буда, ин ҷараён барои ҳизби мо бешубҳа чун мактаби бузурги сиёсӣ хизмат мекунад.
Имрӯзҳо бобати татбиқи ғоя ва барномаҳои ҳизб, дар асоси тамоилҳои баробарӣ, ошкорагӣ ва шаффофият дар интихобот фаъол иштирок намуда, ташаккул додани фраксия ва гурӯҳҳои ҳизбӣ дар парламент, мақомоти ваколатдори маҳаллӣ, ширкати фаъол дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар тамоми асосҳои қонунӣ созмон ёфтааст.
Пеш аз дарёфти ҷавоб ба саволи «дар муборизаи сиёсӣ кӣ дастболо мегардад?» ба гузашта бояд як назар андохт. Чунки танҳо бо тадбирҳои тарғиботии имрӯза ё ки дар барномаи пешазинтихоботӣ пешниҳод кардани вазифаҳои аввалиндараҷа, ки ба рушди мамлакат хизмат мекунанд, ба мақсад ноил гардидан ғайриимкон аст. Ин бо мавқеи ҳизб дар ҷомеа ва сазовор гаштани онҳо ба боварии электорат вобаста аст. Ғайр аз ин, то чӣ андоза аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи худ баромадани фаъолони ҳизб ва депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ, ки вакилони бовариноки онҳо дар ҷойҳо мебошанд, аҳамияти муҳим дорад.
Рӯзи 12-уми июли соли 2017 Президенти мамлакат Ш. Мирзиёев дар ҷамъомади видеоселекторӣ барои палатаҳои Олий Маҷлис ва роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, аъзоҳои ҳизбҳои сиёсиро, ки фидокорона меҳнат намекунанд, фаъол нестанд, «бедор» кард. Гуфтаҳои «Ҳар кадом ҳизби сиёсӣ танҳо дар ҳолати бо замон ҳамнафас шудан ва ба талаботҳои шадиди он ҷавоб додан, ба сифати нерӯи сиёсӣ кор бурда метавонад» маърӯза мо – фаъолони ҳизбро ба майдони сиёсӣ баровард.
25-уми октябри соли ҷорӣ конференсияи VIII Шӯрои вилоятии ҳизб гузаронида шуд. Дар тадбир корҳое, ки аз интихоботи пешина то интихоботи навбатӣ амалӣ гардидаанд, аз назари таҳлилӣ-­танқидӣ муҳокима карда шуданд. Ҳизби сотсиал-­демократии «Адолат» фаъолияти худро дар асоси Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти устувори ривоҷдиҳии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис аз 28-уми декабри соли 2018, инчунин, барномаи пешазинтихоботии «Адолат-­мизони асосии ҳаёти мо, адолат – барои ҳар як инсон» ва барномаи ҳаракатҳои амалӣ доир ба татбиқи онҳо пеш мебарад.
Тӯли солҳои 2014-2019 бо мақсади таъмини иҷрои лоиҳаҳои ба татбиқи вазифаҳои барномаи ҳизб нигаронидашуда, бо электорати ҳизб ва доираи васеи аҳолӣ мулоқотҳои рӯ ба рӯ ташкил карда, дар таҳияи пешниҳодҳо доир ба муаммоҳое, ки монеи рушди ҷамъият мешаванд ва мардумро азият медиҳанд, сохтори ҳамкории корпусҳои депутатӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин самт, бахусус, консепсияи «Фраксия-­марказ-­вилоят-­ноҳия» натиҷаи дилхоҳ дод.
Соли 2014 теъдоди умумии аъзои ҳизб 12500 нафарро ташкил карда бошад, ҳоло адади онҳо ба 41623 нафар расид. Миқдори ташкилотҳои ибтидоии ҳизб 303-то афзуда, ҳоло 714-торо ташкил мекунад.
Дар муддати сипаришуда аз тарафи гурӯҳҳои кории ҳизб фаъолияти 1048 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо омӯхта шуд. Дар рафти омӯзиш аз тарафи шаҳрвандон 3040 муроҷиат қайд гардида, аз рӯйи онҳо ба 882 ташкилоти мутасаддӣ дархостии депутатӣ ирсол гардид. Дар натиҷа беш аз 744 масъала ҳалли мусбӣ ёфт. Зиёда аз 900 муроҷиат бо роҳи даъвати ташкилоти мутасаддӣ дар ҷойи худ ҳал карда шуд. Қариб 1000 муроҷиат тавассути пешниҳоди маслиҳатҳои ҳуқуқӣ бартараф гардиданд.
Аз тарафи гурӯҳҳои хоҳишманди лекторҳо бо мақсади афзунсозии маданияти сиёсӣ-­ҳуқуқии аҳолӣ, воқифсозии шаҳрвандон аз мазмуну моҳияти қарор ва қонунҳои қабулгардида, 3489 маротиба дарсҳои сиёсӣ ташкил ва иштироки 66279 нафар таъмин гардиданд.
Солҳои охир дар мамлакат барои рӯёб кардани иқтидор ва истеъдоди зану духтарон имконият ва шароитҳои мусоид фароҳам гардида, онҳо ҳамаҷониба дастгирӣ мешаванд. Ин дар навбати худ ба ӯҳдаи «Боли бонувон»-и Шӯрои вилоятии Ҳизби сотсиал-­демкоратии «Адолат» як қатор вазифаҳоро гузошта, афзунсозии масъулиятро талаб мекунад. Соли ҷорӣ теъдоди зану духтароне, ки аъзои Ҳизби сотсиал-­демократии «Адолат» гардидаанд, ба таври назаррас афзуда, 22075 нафарро, яъне 53 фоизи аъзоёни ҳизбро ташкил мекунад.
Байни бонувон ва ҷавонон озмунҳои «Модарарӯси боадолат», «Маликаи адолат», «Заковатманди адолат», «Фаъолтарин бонуи адолатпарвари ҳизб» гузаронида шуда, онҳо дар зинаи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд.
Албатта, вазифаи муҳимтарине, ки дар пеши ҳизби мо қарор дорад, бо дастовардҳо кифоя накарда, ба пеш ҳаракат намудан, марраҳои нав ба навро забт кардан, аз қобилияти меҳнатдӯстӣ ва кордонии мардум босамар истифода бурда, дар ҳамҷамъияти ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муносибро ишғол кардан аст.
Интихобот бобати татбиқи ислоҳотҳои демократӣ, вазифаҳои барномавии тараққиёти стартегӣ, ки барои ояндаи наздику дур муқаррар карда шудаанд, аҳамияти муҳим дорад.
Пеш аз интихобот ҳар як ҳизби сиёсӣ барномаи пешазинтихоботӣ, палтформаи сиёсии худро таҳия мекунад, ғояҳои нав ба навро ба миён мегузорад, номзадии инсонҳои соҳибобрӯйи ҷамоатро пешниҳод мекунад.
Барномаи пешазинтихоботии ҳизб аз 6 самт иборат буда, дар он ба манфиатҳои интихобкунандагон эътибори алоҳида дода шудааст.
Бахусус, инсон, ҳуқуқҳо, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳоро чун арзиши бузургтарини давлат ва ҷамъият эътироф намуда, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷамъият барои ҳаёти фаровони ҳар як инсон муҳайё намудани шароитҳои зарурӣ, таъмини мизонҳои адолати иҷтимоӣ ва устувории қонун, дар сатҳи арзиши олӣ баррасӣ кардани ҳуқуқҳои инсон, амал ба тамоили адолат – барои ҳар як инсон чун самти асосии барномаи ҳизб ифодаи худро ёфтааст.
Ҳизби сотсиал-­демократии «Адолат» барои решакан кардани коррупсия мубориза мебарад. Дар 5 соли минбаъда бобати дар рейтинги байналхалқии майл ба коррупсия аз 158-ум ҷой ба зинаи 50-ум баромадани Ҷумҳурияти Ӯзбекистон чорабиниҳоро муқаррар намуда, нияти амалисозӣ дорад.
Боз яке аз самтҳои мақсадноки барномавӣ ду баробар зиёд кардани сатҳи фарогирии бачагон дар муассисаҳои таълими томактабӣ мебошад.
Ҳизб барои афзунсозии мақоми ҳуқуқии омӯзгорон, музди корӣ ва мустаҳкамсозии мавқеи иҷтимоии онҳо ҷонибдори қабули қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» аст.
Ҳизби сотсиал-­демократии «Адолат» таклифи зина ба зина афзунсозии квотаҳои қабул ба муассисаҳои таълими олиро пешниҳод мекунад. Беимтиҳон ва санҷишҳо, қабули хоҳишмандонро дар асоси шартнома, васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои таълими ғоибона, шабона ва масофавиро дастгирӣ мекунад.
Мақсади устувори мо дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ, таъмини самаранокии сохтори хизматрасонии тиббии ихтисосонидашуда ва ботаҷриба ба аҳолӣ бо таҷҳизоти замонавӣ (дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, ноҳия, қишлоқ), амалисозии лоиҳаи «Соғлом болалик», ки ба беҳдошти куллии сохтори иттиҳодияҳои тиббии бачагон нигаронида шудааст, ба роҳ мондани хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ дар сатҳи эътирофи ҷаҳонӣ, ҷорӣ намудани сохтори ахбории идораи ёрии таъҷилии тиббӣ, мустаҳкамсозии базаи моддӣ-­техникии хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ мебошад.
Дар барномаи пешазинтихоботӣ мо ба соҳаи суду ҳуқуқ эътибори алоҳида додем. Аз таҳлили амалиёти суду тафтиш ва таҳлили ҳуҷҷатҳои қонунӣ, инчунин, натиҷаҳои мулоқоти кушод бо аҳолӣ аён гардид, ки дар таъмини қонунмандӣ ва шаффофияти амалиёти суд як қатор холигиҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд, ки дар ин самт мушкилиҳоро ба миён меоранд. Бинобар ҳамин, пеш аз ҳама афзунсозии саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ, нисбати судҳо бедор намудани эҳсоси боварӣ дар дили мардум, таъмини тамоилҳои адолат дар ҷараёнҳои суд чун вазифаи устувор муқаррар карда шуданд.
Дар барномаи пешазинтихоботӣ ташкили Кумитаи тафтиш низ дар назар дошта шудааст. Инчунин, якҷоя кардани судҳо доир ба корҳои шаҳрвандӣ, ҷиноӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ, ки дар ноҳия, шаҳр ва вилоят фаъолият доранд, пешниҳод гардидааст.
Ғайр аз ин, дар барнома мақсадҳо доир ба минбаъд такмил додани институти маҳалла, ба маркази пурзӯри ҳуқуқии ҳифзкунандаи иҷтимоии аҳолӣ табдил додани он муқаррар шудааст.
Дар байни вазифаҳои устувори ҳизб қабули қонунҳо «Дар бораи саломатии репродуктивии аҳолӣ», «Дар бораи трансплантатсияи аъзо ва бофтаҳои одам», «Дар бораи илму фан», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» низ ҷой доранд.
Инчунин, дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб таклифи ба сохтори тиббии электронӣ – «тибби боақл» гузаронидани тамоми муассисаҳо пешниҳод гардидааст.
Дар интихоботҳои имсола бо номзадҳои муносиб ва барномаи пешазинтихоботии ҳамнафасу ҳамқадами замон иштирок мекунем. Бо мақсади иштироки муносиб дар интихоботҳо тӯли муддати сипаришуда дар вилоят барои 16 ҷойи депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис беш аз 170 нафар, барои Шӯрои намояндагони халқи вилоят зиёда аз 300 нафар, барои депутатии шӯроҳои шаҳру ноҳияҳо беш аз 1500 нафар захираи номзадҳо ташкил гардида, салоҳияти онҳо омӯхта шуданд. Ҳоло барои депутатии Олий Маҷлис рӯйхати 16 нафар, шӯрои вилоятӣ 60 нафар, шӯроҳои шаҳру ноҳияҳо 480 нафар номзадҳои муносиб тартиб дода шуда, ҳуҷҷатҳои онҳо мувофиқи талаботи қонун пешкаши комиссияи интихоботӣ гардид.
Интихоботи навбатӣ барои мустаҳкамсозии мавқеи ҳизби мо дар майдони сиёсии мамлакат, фароҳамоварии имконияти ифодаи манфиатҳои электоратамон аҳамияти муҳим дорад. Мо минбаъд низ барои иҷрои ваъдаҳое, ки ба интихобкунандагон додаем, дар амал татбиқ кардани мақсаду вазифаҳое, ки дар барномаи пешазинтихоботӣ овардаем, ҳифзи бовариноки манфиатҳои электорати худ тамоми нерӯ ва имкониятҳоро сафарбар мекунем. Аз ваколатҳои дар қонун муқарраршудаи худ истифода намуда, якҷоя бо номзадҳо, ки ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Шӯрои намояндагони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо пешниҳод гардидаанд, фаъолони ҳизб дар роҳи иҷрои мақсадҳои пешгузошта кор мебарем. Бинобар ин, ҷараёни интихоботи нав дар Ӯзбекистони навин барои мо санҷиш ва масъулияти бузург аст. Ба ин ҷараён тамоми сафдорони худро ҷалб намуда, дар интихобот албатта натиҷаҳои баландро ба даст меорем.

Муҳиба БОБОБЕКОВА,
раиси Шӯрои вилоятии Ҳизби сотсиал-­демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон
.