Забони русӣ – забони дӯстӣ

Забони русӣ – забони дӯстӣ

Чунин ном дошт фестивале, ки бо ташаббуси шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Тайлоқ дар мактаби таълими умумии рақами 21 доир гардид.
Дар фестивал, ки дар доираи моҳонаи забон ва адабиёти рус ташкил шуд, омӯзгорони пешқадам ва соҳибтаҷриба, хонадагони аълохон ва фаъоли мактабҳо иштирок карданд. Дар тадбир ярмарка ташкил гардида, иштирокдорон дар намоишгоҳи таомҳои рангоранг ва либосҳои миллии рус ширкат намуданд.
Инчунин, омӯзгорони фанни забони русӣ З.Турсунова, Н.Ҳайдарова, З.Очилова ва Н.Муҳаммадиева бо мақсади афзунсозии шавқмандии ҷавонон ба омӯзиши забони русӣ аз воситаҳои гуногуни мултимедӣ истифода намуда, дарсҳои кушод гузаштанд.
Донишомӯзони синфҳои V-VIII мактаб дар асоси афсонаҳои халқи рус саҳначаҳо гузоштанд.
Мардуми русзабони ноҳия баромадҳои рангину шавқовари хонандагонро бо кафкӯбиҳо пазироӣ намуданд.

З.ҲАСАНЗОДА.