Сӣ сол – дар майдони матбуот

Сӣ сол – дар майдони матбуот

Сӣ сол ба назар гӯё дирӯзакак менамояд. Аз ҷиҳати солҷамъ ҳамин муддати андак ҳам чоряк асрро ташкил медиҳад. Нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилоят – рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба синни навҷавонӣ расид, яъне, аз он рӯзе, ки шумораи аввалинаш нашр шуд, сӣ сол сипарӣ гардид.
Ба фикрам, айёми гузашта, заҳмати сисолаи «Овозиён»-ро атрофиён нек баҳогузорӣ мекунанд. Борҳо шунидаем, ки арбобон ва фозилони давр аз минбарҳои баланд чунин баҳо додаанд:
«Овози Самарқанд» дигар ба рӯзномаи навтаъсис монанд нест, вазифаашро, ки иборат аз инъикоси ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум, баланд бардоштани сатҳи маънавияти халқ, тарғиби дӯстӣ ва бародарии халқҳои ҷумҳурият, инъикоси масъалаҳои маориф, санъату адабиёт, саҳмгузорӣ дар таҳкими истиқлолияти кишвар ва ғайра буд, комилан, мисли як рӯзномаи собиқадор иҷро мекунад.»
Оё ҳама ҳам чунин мепиндорад? Магар ҳама ҳам чунин назари гарм дорад? Аз заҳмати зиёди ҷамоати рӯзнома дар айёму вазъи гуногун, табадуллоти сиёсӣ, бетарафиву бешарафии баъзе ҳамзабононамон албатта соҳибдилон огоҳанд. Ба ҳар ҳол, дар ҳама вазъият бори гаронро дар китфи худ гирифтани эҷодкорон, дар гармиву сардии рӯзгор дастгирӣ кардани муассис – ҳокимияти вилоят ва мухлисони деринаро аҳсант мебояд гуфт.
Сармуҳаррирони собиқи рӯзнома, шодравонҳо Нор Остонзода, Ғафурҷон Маҳмудов бо аҳли ҳайати таҳрир, ки барои номи онҳоро як ба як бо ифтихор ва самимияти беш ба забон овардан дар ҳаҷми як мақола аз имкон берун аст, то ба муваффақиятҳо соҳиб шудан азоби зиёд кашидаанд.
Хушбахтона, «Овози Самарқанд» дар ин муддат ба муваффақиятҳои назаррас низ соҳиб гардид. Аз ҷумла, рӯзнома, ки аввал ба тарзи офсетии пленканусха чоп мешуд, сонитар, аниқтараш аз соли 1993 ба чопи қӯрғошимӣ гузашт. Кас ба тарзи чунин кор назар афканда, «ҷанги оташу одам»-ро ба хотир меовард. Ҳарфи мисӣ нақши худро ба қӯрғошимпораҳо мегузошт. Ҳуруфчину саҳифабанд бо мису қӯрғошими тафсон кор мекарданд. Сонитар, «Овоз» ба чопи компутерӣ гузашт. Барои собиқадорони матбуот кор бо компутер ба мисоли воридшавӣ ба ҷаннат басо сафобахшу роҳатбахш ба назар мерасид. Бештар аз дигарон азоби гузаришҳоро ба усулҳои нав котибони масъул аз сар гузаронидаанд. Ин вазифаи заҳматталабро дар «Овози Самарқанд» Бахтиёри Ҷумъа, Ӯктам Иброҳим, Ҳазрат Сабоҳӣ, Шӯҳратҷон Аноров, Фарҳод Неъматов ва камина низ ба зимма доштанд.
Бояд бо ифтихор ёдрас шуд, ки ҳар як навгонии хуш аввало дар «Овози Самарқанд» ба вуқӯъ меомад ва дигарон давом медоданд.
Ин ҷо гуфтан ҷоиз аст, ки услуби чопи компутериро «Овози Самарқанд» пеш аз дигарон қабул намуд. Аз формати хурди А‑3 ба андозаи А‑2-и калон гузаштан низ бори аввал дар «Овози Самарқанд» ба вуқӯъ пайваст. Саҳифаҳои аввалу охирини рӯзномаи «Овози Самарқанд», қабл аз дигарон рангаву хоно гардид.
Ҳоло дар бораи «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»-и назди идораҳои рӯзномаҳои вилоятӣ бисёр ҳарф мезананд. Манфиати маънавии мактаби мазкурро аҳсант мехонанд. Бояд ба хотир овард, ки чунин мактаб ҳанӯз солҳои 1993-1994 дар идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» амал мекард. Он бо ташаббуси сармуҳаррир Нор Остонзода, ҷонишини сармуҳаррир Хурсанд Ҷумъазода ба миён омада, масъулияташ бар зиммаи адибу рӯзноманигор Адаш Истад бор буд. Ҳоло аксарияти фориғуттаҳсилони ин мактаби эҷодкорони ҷавон таълими аввали журналистиро аз устодони ҳамин мактаб гирифтаанд.
Хонандагон огоҳанд, ки кормандони «Овози Самарқанд» дар озмунҳои гуногуни эҷодиву варзишӣ низ ғолибиро ба даст меоранд.
Ҳамаи онҳоеро, ки ба «Овози Самарқанд» ихлос доранд, дарди онро доғи дил медонанд, барои хушсифат, бомаънӣ, бо адади зиёд чоп гардидани он ҳиссагузор мешаванд, бо ҷашни сисолаи рӯзнома муборакбод мегӯям. Аз он сарбаландӣ дорам, ки солҳои 1994-2016 дар ин даргоҳи бароям хеле мӯътабар кор кардаам. Солҳои 2011-2016 сармуҳарририи онро бар дӯш доштам.
Шукр, рӯзнома боз хонандагони худ­ро ёфтааст. Соҳиби «Қалами тиллоӣ» гардидааст. Заҳматписандони имрӯзаи идораи рӯзномаро бо сарварии сармуҳаррир, олим ва шоир Баҳодур Раҳмонов ташаккур изҳор мекунам, ки бо мадади Шумо «Овози Самарқанд» солҳои дароз дар майдони сухани Ӯзбекистон минбари худро меёбад.

Озод ҲАМИДЗОДА.