Бинои таъмирталаби таърихие, ки Алишер Навоӣ таълим гирифтааст

Бинои таъмирталаби таърихие, ки Алишер Навоӣ таълим гирифтааст

Рӯзи 20-уми ноябр дар маҳаллаи Дари Занҷири шаҳри Самарқанд бо иштироки Имом-­хатиби масҷиди Фақеҳ Абулайс ва кормандони рӯзномаи «Овози Самарқанд» тадбир барпо шуд.
Тадбирро раиси маҳалла В. Раҷабов кушод. Сипас, мухбири рӯзнома Ҷ. Обидов дар хусуси қарори Президент оиди камхарҷ гузарондани тӯю маъракаҳо, маросими дафн ва масъалаҳои тарбияи ҷавонон, таъсири зиёновари интернету алоқаҳои мобилӣ ҳарф зад. Ӯ таъкид кард, ки агар ин қарорро ҳамаҷониба дастгирӣ кунем, ба манфиати ҳама аст.
Имом-­хатиби масҷиди Фақеҳ Абулайс Порсохон Ҳасанов дар бораи таълиму тарбияи ҷавонон, оқилона истифода бурдани онҳо аз имкониятҳои имрӯза, ки барои таълим ва касбомӯзӣ фароҳам оварда шудааст ва пешгирии иллатҳои динию экстремистӣ ҳарф зад.
– Мо бояд фахр кунем, ки дар ин маҳалла алломаи бузург Алишер Навоӣ барин инсон таълим гирифтааст ва эҷод кардааст, – гуфт ӯ.
Аз сокинони маҳалла Шарофбобо Субҳонов дар бораи гузаронидани маросими дафн, Темура Салоҳиддинова дар бораи равшан карда нашудани кӯчаи Рометан ва Бухоро, Собирҷон Ҷалолов дар бораи хабару мақолаҳо ва муаммоҳои халқ, ки дар шумораҳои рӯзнома чоп шудаанд, муроҷиат карданд.
Дар охир раиси маҳалла гуфт, ки дар рӯ ба рӯйи маҳалла бинои таърихие қад афрохта аст. Бино ба гуфти тадқиқотчиён он дар асри XVIII сохта шуда, имрӯз вайрона мебошад. Аз рӯйи маълумотҳо дар ин бино ҳазрати А. Навоӣ сабақ омӯхтааст. Таклифи ман ҳамин, ки роҳбарони мутасаддӣ барои таъмири бинои таърихӣ кӯмак расонанд.
Дар тадбир ба иштирокдорон тақвими солинавии рӯзномаи «Овози Самарқанд» тақдим карда шуд.

Наврӯз БОБОАҲМАДОВ.