Форуми байналхалқии «Invest in Samarkand»

Форуми байналхалқии «Invest in Samarkand»

Дирӯз дар шаҳри Самақанд форуми I байналхалқии инвеститсионии «Invest in Samarkand» ва дар доираи он намоишгоҳи миллии истеҳсолкунандагони ҳудудӣ зери унвони «Made in Samarkand» оғоз гардид.
Дар чорабинӣ, ки бо мақсади таҳкими салоҳияти иқтисодии вилоят, ҷалби бевоситаи инвеститсияҳои хориҷӣ ба ҳудуд ва аз наздик шинос кардани инвесторон бо шароит ва имкониятҳои мавҷуда ташкил гардид, беш аз 200 нафар вакилон аз 30 мамлакати ҷаҳон иштирок доранд.
Дирӯз гурӯҳи инвесторони хориҷӣ, роҳбарони вазорат ва идораҳо, инс­титутҳои байналхалқии молия, намояндагони палатаҳои савдою саноат, ташкилотҳои сайёҳӣ ва бонк, ваколатхонаҳои дипломатӣ, ки бо мақсади иштирок дар форум Самарқанд омадаанд, бо фаъолияти корхонаҳои бузурги истеҳсолии вилоят ошно гардиданд.
Аз ҷумла, дар корхонаи муштараки «Сам Антеп Гилам» бо ҷараёни истеҳсолот, омодасозии гилем шинос шуданд.
Инчунин, аз фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, масканҳои сазовори диққати вилоят дидан карданд.
Тадбирҳои асосии форуми байналхалқӣ имрӯз баргузор гардида, ташкили вохӯрӣ, муҳокима ва намоишгоҳи маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.