Раиси комиссияи вилоятии интихобот: ташвиқот оғоз шуд

Раиси комиссияи вилоятии интихобот: ташвиқот оғоз шуд

Дар Маркази ҷавонон бо ташаббуси Комиссияи вилоятии интихобот доир ба корҳое, ки бобати ба рӯйхатгирии номзадҳо ба депутатии шӯрои вилоятӣ амалӣ мегарданд, барои ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ ва блогерҳо брифинг ташкил гардид.
Дар тадбир раиси комиссия С. Нуриев маълумот дод.
Таъкид гардид, ки бино ба моддаи 40-и Кодекси интихобот аз ҷониби Комиссияи вилоятии интихобот ба рӯйхат гирифтани номзадҳо рӯзи 15-уми ноябри соли ҷорӣ ба итмом расид. Аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ба шӯрои вилоятии намояндагони халқ 300 нафар номзад нишон дода шуд. Дар байни онҳо 280 нафарашон номзадии худро маротибаи аввал, 20 нафарашон такроран ба депутатӣ пешниҳод намудаанд. 107 нафари номзадҳоро зан – духтарон ташкил менамоянд.
9 нафари номзадҳо аз 21 то 30 сола, 88 нафарашон аз 31 то 40 сола, 114 нафарашон аз 41 то 50 сола ва 74 нафарашон аз 51 то 60 сола мебошанд.
– Бино ба қарори Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 12-уми ноябри соли 2019 ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Мажлис, ба шӯроҳои намояндагони халқи вилоят, ноҳия ва шаҳр аз 18-уми ноябр оғоз гардид, – гуфт С. Нуриев. – Бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур қарори Комиссияи вилоятии интихобот қабул гардид ва бо он дар даври ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ҳаҷми бепул истифода бурдан аз каналҳои телевизионӣ, гуфторҳои радио, нашр дар рӯзномаҳо муайян гардид. Инчунин, дар давраи ташвиқоти пешазинтихоботӣ тартиби баромадҳои вакилони ҳизбҳо ва номзадҳо ба депутатӣ дар воситаҳои ахбори оммавӣ муайян гардид. Ҳоло ташвиқоти пешазинтихоботӣ идома меёбад.

Шӯъбаи вилоятии Маркази байналхалқии матбуот аз рӯйи инъикоси интихобот.