Муваффақият ва норасоиҳои соҳаи иҷтимоии вилоят муҳокима гардиданд

Муваффақият ва норасоиҳои соҳаи иҷтимоии вилоят муҳокима гардиданд

Дирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят анҷумани матбуотии ҷонишини ҳокими вилоят доир ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, инкишофи иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ Р. Қобилов баргузор гардид.
Дар он ҷонишини ҳоким дар бораи вазъи имрӯзаи соҳаҳои тандурустӣ, ташкилотҳои таълими томактабӣ, таълими умумӣ, ҷавонон, варзиш ва дигари иҷтимоӣ дар вилоят, корҳое, ки дар даври гузаштаи соли равон дар ин самтҳо амалӣ шудаанд, муваффақиятҳову норасоиҳои фаъолият, нақшаҳои ояндаи ривоҷдиҳии ин соҳаҳо ахбори мухтасар дод. Нотиқ ғайр аз маълумотҳои умумӣ, инчунин масъалаҳои пурдолузарби онҳоро ёдрас кард.
Қайд гардид, ки ба беш аз 3 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии вилоят 197-то муассисаҳои тиббӣ хизмат мерасонанд. Дар вилоят 11057-то ҷойи статсионарии табобат мавҷуд буда, дар онҳо ҳамагӣ 7672 нафар шифокор ва 27872 нафар ходими тиббии миёна фаъолият пеш мебаранд. Оянда, дар шаҳри Самарқанд пайваста зиёд шудани аҳолии онро ба эътибор гирифта, 4-то шифохона (поликлиника)-и оилавӣ ташкил кардан лозим аст. Ҳамчунин доир ба ташкилотҳои таълими томактабӣ чунин маълумот оварда шуд.
Дар ҳолати имрӯза дар вилоят 1777 ташкилоти таълими томактабӣ (ТТТ), аз ҷумла, 645-то давлатӣ, 1131-то ғайридавлатӣ (63-то хусусӣ, 41-то шарикии давлат – хусусӣ ва 1027-то оилавӣ) ва 1-то ТТТ тобеи ташкилот фаъолият пеш мебаранд.
Аз 323916 нафар бачаи синни томактабӣ 125957 нафари онҳо (38,9 фоиз) бо таълими томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 10,8 фоиз афзудааст.
Дар соҳаи таълими халқи вилоят баланд бардоштани дараҷаи дониши хонандагон, зиёд кардани нишондиҳандаи ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шудани онҳо аз вазифаҳои муҳимтарин мебошанд. Дар соли хониши гузашта нишондиҳандаи ба мактабҳои олӣ дохил шудани хонандагони мактабҳои вилоят табъи дил нашуд.
Инчунин, дар бораи такмил додани сохтори таълими касбии вилоят, фаъолияти идораҳои дахлдори соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва спорт, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои ҷавонон ҳарф зада шуд.
Сипас, ба саволҳои рӯзноманигорон ва блогерҳо посух доданд.

Тошқул АЗИМОВ.