Сессияи Шӯрои вилоят

Сессияи Шӯрои вилоят

Дирӯз сессияи шасту ҳафтуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э.Турдимов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 11-уми октябри соли 2018 «Дар бораи чораҳои иловагии соддатар кардани тартиби ба субъектҳои тадбиркорӣ фурӯхтани ҳуқуқҳои ба объектҳои мулки давлатӣ ва қитъаҳои замин буда» дар вилоят масъалаи тасдиқ кардани лоиҳаҳое, ки барои додани бино ва иншоотҳои дар шаҳр ва ноҳияҳо бекорхобида ба истифодабарӣ пешниҳод шудаанд, муҳокима карданд.
Аз рӯи ин масъала ахбори ҷонишини ҳокими вилоят О. Хӯҷаев шунида шуд.
Чуноне ки таъкид шудааст, мувофиқи талаботи банди хурди «б»-и қисми 1-уми фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 11-уми октябри соли 2018 «Дар бораи чораҳои иловагии соддатар кардани тартиби ба субеъктҳои тадбиркорӣ фурӯхтани ҳуқуқҳои ба объектҳои мулки давлатӣ ва қитъаҳои замин буда» ба раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон ва ҳокимони вилоятҳо барои дар доираи ваколати худ амалӣ кардани лоиҳаҳои инвеститсионӣ қабул кардани қарорҳо дар бораи фурӯхтани объектҳои мулки манқули давлатии бекорхобида барои дар доираи ваколатҳои худ ауксион нагузаронида, тавассути музокираҳои бевосита бо инвесторон (дар эквиваленти камаш 1 миллион доллари ИМА) ва дар ҳоли муайян кардани маҷбуриятҳои иҷтимоӣ дода шудааст.
Дар ин қайд шудааст, ки лоиҳаи қарорҳо дар бораи фурӯхтани ҳуқуқҳои ба обеъктҳои мулки давлатӣ ва қитъаҳои замин буда, аввал дар Шӯрои намояндагони халқи вилоят баррасӣ гардида, тасдиқ шуданаш лозим аст.
Дар асоси талаботи меъёри мазкур ба депутатҳо имкони ворид намудани тағйирот ва тасдиқи лоиҳаҳои қарорҳои дахлдори ҳокими вилоят фароҳам оварда шуд.
Инчунин, дар кори сессия масъала доир ба иҷрои Барномаҳои давлатии “Қишлоқи обод” ва “Маҳаллаи обод” муҳокима карда шуд.
Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Президент дар сартосари мамлакат дар доираи Барномаҳои “Маҳаллаи обод” ва “Қишлоқи обод” корҳои сохтмонӣ, бунёдкорӣ ва ободсозии зиёд амалӣ мегарданд. Дар доираи таъмини иҷрои барномаҳо дар 2 шаҳр, 6 ҷамоати шаҳрвандони маҳалла ва 42 қишлоқи 14 ноҳияи вилоят корҳои сохтмонӣ-таъмирӣ ва ободсозӣ давом доранд.
Тибқи гузориш дар доираи Барномаи давлатии “Маҳаллаи обод” барои татбиқи корҳои созандагӣ-таъмирӣ ва ободкорӣ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои Чилқудуқ, Наврӯз, Ёшлики шаҳри Самарқанд ва маҳаллаҳои Каттақӯрғон, Гӯзалкент ва Ғарибмасҷиди шаҳри Каттақӯрғон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ 19,8 миллиард сӯм, буҷети маҳаллӣ 14,9 миллиард сӯм, корхонаҳои шабакавӣ 2,1 миллиард сӯм, соҳибкорони ташаббускор ва аҳолӣ 7,1 миллиард сӯм, маблағҳои кредитии бонкҳои тиҷоратӣ 5,8 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст.
Дар ҷараёни сессия депутатҳо инчунин, масъалаҳои дигари ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодии вилоятро баррасӣ намуданд.
Аз рӯйи масъалаҳои тартиби рӯз қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.